Роҳбарияти вилояти Омск барои имзои созишнома бо вилояти Хатлон ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 август сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ба шаҳри Омск баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ҳадафи сафари мазкур — иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи шаҳр, анҷом додани мулоқот бо масъулини вилояти Омск, донишҷӯёни аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои олии таълимии шаҳр таҳсилкунанда, фаъолони ҷамъияти тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ буд», — зикр намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Дар доираи ин сафар 5 август мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси ҳукумати вилояти Омск Дмитрий Ушаков баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Омскро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки кишварҳо барои рушди ҳамкорӣ иқтидори бузург ва имконияти васеъ доранд. Дар ин замина консули генералӣ омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.
«Таваҷҷуҳи хосса ба танзими сафари ҳайати вилояти Омск таҳти роҳбарии раиси вилоят ба Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон зоҳир гардид»,- таъкид намуданд дар Вазорати корои хориҷии ҶТ.
Дар доираи ин сафар Консули генералии Тоҷикистон инчунин дар «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Омск бо раҳбарияти ин марказ мулоқот намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми вилояти Омск дидан кард. Бо шиносоӣ аз ашёи ифодакунандаи фарҳангу зиндагии мардуми тоҷик, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик ин гӯшаро боз ҳам васеътар карда, дар он ашёи гулдӯзии дастӣ, либосҳои миллӣ, асбоби мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоранд.
Пас аз мулоқот бо роҳбарияти Хонаи дӯстӣ Консули генералӣ бо фаъолони диаспораи тоҷикон мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ Консули генералӣ аз ҳамаи ҳозирин ҷиҳати саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба суннат ва фарҳанги ниёгон, кумаки саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо ва амалинамоии фаъолияти маънавӣ-маданӣ ва варзишӣ миёни ҷавонон даъват ба амал овард.
Ҳамчунин 5 август мулоқоти Консули генералӣ бо иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии техникии Омск Дмитрий Маевский ва донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик матраҳ шуд. Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён Консули генералӣ аз онҳо даъват ба амал овард, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.
Ҳамчунин Консули генералии Тоҷикистон дар чорабинии идона бахшида ба таҷлили Рӯзи шаҳри Омск ширкат кард.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони шаҳрҳои хориҷӣ, шаҳрҳои Русия ва намояндагони муассисаҳои дипломатӣ дар минтақа ширкат доштанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд
Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид






