САНОТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ. Дар ҶДММ «Хубҷамъинвест»-и Суғд хатти нави истеҳсолӣ фаъол мегардад

Август 24, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъинвест», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба коркарди ғалла ва истеҳсоли орд машғул аст, хатти нави истеҳсолӣ фаъол мегардад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

«Хубҷамъинвест» яке аз корхонаҳои калони истеҳсолкунандаи орд буда, дар айни замон дар анборҳои он миқдори зарурии ғалла захира шудааст. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- санотикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта, хатҳои нави истеҳсолӣ таъсис ва истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.

Нақши корхона дар таъмини аҳолӣ бо орд назаррас буда, ҳамарӯза садҳо тонна орди истеҳсолшуда ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ фиристода мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки айни замон дар мамлакат захираи кофии орду ғалла мавҷуд буда, фаъолияти чунин корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.

Раиси вилоят барои васлу насби хатти нави истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти корхона тавсияҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 24, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд