Саридораи геология 10 майдони эҳтимолӣ барои истихроҷи тиллоро муайян намуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи лоиҳаи омӯзиши геохимиявӣ барои истихроҷи тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб аз рӯи натиҷаҳои корҳои гузаронидашуда 10 майдони эҳтимолӣ барои тилло муайян карда шуд, ки дар ин самт корбарӣ ҷараён дорад. Дар ин бора Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тибқи лоиҳаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии умумии сангҳои қиматбаҳо ва зиннатдиҳанда, дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим дар натиҷаи иҷрои хатсайрҳои геологӣ ва кандани ковишҳо минералнокии сангҳои худҷило, ба монанди ёқути кабуд, лаъл ва турмалин ошкор карда шуд. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта захираи канданиҳои фоиданок, аз қабили сурбу руҳ, тилло, андезид, оҳаксанг, хок ва омехтаи регу шағал ба тарози давлатӣ гузошта шуд»,- гуфт дар идома Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи гологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз рӯи 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷилою ороишӣ ба анҷом расонид.
Дар ин давра корҳои шартномавӣ аз рӯи 126 лоиҳа ба иҷро расонида шуда, дар маҷмӯъ корҳо бо усули хоҷагидорӣ 17 миллиону 962 ҳазору 25 сомониро ташкил намуданд, ки суръати афзоиш ба 200 фоиз баробар гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






