Шараф Шерализода дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода 29 август дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии об таҳти унвони «Дидани ноаён: арзиши об» иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур ба ҳалли мушкилиҳои глобалӣ дар самти об равона шуда, шурӯъ аз соли 1992 ҳамасола аз ҷониби Институти байналмилалии оби Стокҳолм (SIWI) дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ баргузор карда мешавад.
Ҳафтаи ҷаҳонии об-2022 дар Стокҳолми Шветсия 23 август шурӯъ шуда, то 1 сентябр идома меёбад. Чорабинӣ ба се масъалаи асосӣ, аз ҷумла арзиши об барои одамон ва рушд, аҳамияти об барои табиат ва тағирёбии иқлим ва арзиши молиявию иктисодии он бахшида шудааст.
Қобили зикр аст, ки 21 декабри 2020 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 75-уми худ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028” бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 190 кишвари узви СММ қабул намуд. Мувофиқи қатънома 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд Конфронси оби СММ-2023 баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид






