Соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Корея ба 36,6 миллион доллар расид

Август 30, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 30.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Корея 36,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нукта зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок зикр карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро алоқаҳои дӯстонаи таърихӣ бо ҳам мепайванданд ва ҳамкории судманд миёни кишварҳо сол аз сол мустаҳкам мегардад.

«Мо ҷонибдори тақвияти ҳамкорӣ ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулотем. Дар вилояти Суғд имконият барои рушди ҳамкорӣ фаровон аст»,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон изҳор дошт, ки вилояти Суғд барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ ва гармхонаҳои инноватсионӣ омодаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Корея мебошад.

Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот доир ба таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, аз ҷумла таъмини иштироки доираҳои соҳибкории Корея дар татбиқи лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 30, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд