СОЛИ 2022 ДАР ТОҶИКИСТОН ОБШАВИИ БЕСОБИҚАИ ПИРЯХҲО БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов хабар дод

Август 31, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон олимон обшавии бесобиқаи пиряхҳоро ба қайд гирифтанд ва пиряхи калонтарин дар ҷаҳон- Федченко дар ҳолати таназзул қарор дорад. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Абдулҳамид ҚАЮМОВ (ДАР АКС) дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт.

«Тибқи нақшаи фаъолияти Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», бо мақсади омӯзиши раванди тағйирёбии иқлим, суръати обшавии пиряхҳо ва муайян намудани ҳаҷми пиряхҳо ҳар сол ба мавзеъҳои барои таҳқиқот муайяншуда бо иштироки мутахассисони марказ ва муҳаққиқони хориҷӣ экспедитсияҳои илмӣ — амалӣ ташкил карда мешаванд»,-гуфт ӯ.

Ба гуфти ӯ, дар самти пешрафти фаъолияти муассиса ва ҳамзамон пешбурди корҳои таҳқиқоти илмию бунёдӣ шуъбаҳои экспедитсионӣ, мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технология, гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи маркази мазкур саҳми назаррас дошта, кормандони онҳо дар таҳқиқи ҳолати ҳавзаи дарёҳо ва сарфу сифати оби онҳо, инчунин омӯзиши ҳолати ҷойдоштаи пиряхҳо, ченкунии қабати барф дар доманакӯҳҳо ва пиряхҳо мунтазам фаъолона иштирок менамоянд.

«Аз ҷумла, аз оғози моҳи май то моҳи августи соли 2022 Марказ дар маҷмӯъ ҳафт экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дод. То охири мавсими экспедитсионӣ гузаронидани на кам аз панҷ экспедитсияи илмӣ дар назар аст»,-гуфт профессор Қаюмов.

Кормандони Марказ мувофиқи нақшаи кории солона давоми моҳҳои июн-август таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи директори Марказ экспедитсия ташкил намуда, дар пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО, ГГП, ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Искандаркӯл, Варзоб, инчунин минтақаи Қароқӯл мушоҳидаҳо гузарониданд.

АКСИ 1. Лаҳзаи баромадан ба қисми аккумулятсияи пирях

«Дар ҷараёни баргузории ин экспедитсияҳо ҳамзамон дар минтақаҳои зарурӣ ҳисобчӯбҳои барф ва яхченкунӣ насб карда шуда, аз рӯйи онҳо ҷиҳати муайян намудани коҳишёбии сатҳи болоии пирях ва инчунин муайян намудани тавозуни ҳаҷми пирях маълумоти саҳеҳ ва дақиқ ҷамъ оварда шуд, ки барои аниқ намудани раванди тағйирёбии ҳолати ояндаи пиряхҳо имконият фароҳам меорад»,-изҳор намуд А.Қаюмов. -Таҳлилҳои моҳворагӣ ва натиҷаҳои корҳои экспедитсионӣ тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат пиряхи Федченко дар ҳолати таназзул (деградатсия, обшавии шадид) қарор дорад».

Ба гуфти Директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, мувофиқи хулосаи мутахассисони Институти Фрибурги Шветсария баъди иштирок дар экспедитсия ба пойгоҳи Горбунов (баландии 4200 м аз сатҳи баҳр), ки дар пиряхи Федченко насб шудааст, инчунин пешниҳодҳои қаблии мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар айни замон дар ин пойгоҳ корҳои илмӣ ба роҳ мондан мумкин аст, гарчанде давоми 30 соли охир он тамоман фаъолият надорад. Баъди якчанд сол мумкин аст ин имконият аз даст равад.

«Хулосаи ниҳоии кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳо ва мутахассисон аз Швейтсария ин аст, ки пойгоҳи Горбунов бояд ҳатман ба шабакаи навташкили Маркази омӯзиши пиряхҳо (то баландии 4800 м насб шудаанд) дохил карда шавад. Дар ин сурат нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиши пиряхҳо боз ҳам баландтар мегардад, зеро ин гуна шабакаҳои баландкӯҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле ангуштшуморанд»,-чунин мешуморад профессор Қаюмов.

Дар акси зер бараъло дида мешавад, ки ба воситаи дари кушода дар даруни бино барф тӯда шудааст.

АКСИ 2. Ҳолати имрӯзаи пойгоҳи Горбунов дар пиряхи Федченко (акс июни соли 2022 бардошта шудааст)

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи натиҷаҳои бадастомада пиряхҳои Хирсон ва РГО, ки ҳамчун пиряхҳои доимҳаракаткунанда маъмуланд, феълан дар ҳолати оромӣ қарор дошта, дар қисми болои онҳо фаъолшавӣ ба назар мерасад. Гарчанде ки қисмати болоии пиряхи Хирсон айни замон дар ҳолати ҳаракатист, вале аз сабаби аз ҳад зиёд об шудани қабати барф ва таназзули сатҳи болоии пирях ҳаҷми критикии он кам шуда, дар ҳолати нисбатан ором қарор дорад.

Ҳамин тавр, дар пиряхи ГГП, ки дар ҳавзаи Искандаркӯл ҷойгир аст, ҷиҳати омӯзиши тавозуни ҳаҷми он имсол илова ба 8 адад ҳисобчӯбҳои давоми соли 2019 насбгардида боз 4-то ҳисобчӯби аблятсионӣ насб намуданд.

Тавре ки маълум гардид, дар нуқтаҳои реперие, ки соли 2018 дар болои пирях насб шуда буданд, чуқурии ҷойгиркунии ҳисобчӯб 6 м буда, давоми 4 сол пурра об шуд ва ҳисобчӯбҳо аз пирях берун шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки қисми болоии пирях босуръат об шуда истодааст. Мувофиқи маълумот, ҳарорати максималии ҳаво дар ин минтақа соли 2020 ба 27,2°С, соли 2021 -34°С ва соли 2022 -35,2°С баробар шудааст.

АКСИ 3. Аз сабаби обшавии пиряхи ГГП ҳисобчӯби ченкунӣ пурра аз ях озод шудааст.

Соли гузашта дар минтақаи баландкӯҳи Помири шарқӣ, дар пиряхи №139 –и ҳавзаи Қароқӯл то чуқурии 40 см шурф канда шуда буд, аммо имсол дар қисми аккамулятсионии пирях бо сабаби бориши ками барф ва баланд шудани ҳарорати ҳаво захираи барф ниҳоят кам буда, кандани шурф ғайриимкон гардид.

Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қароқӯл, ки аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 -14°С, соли 2021 — 16°С ва соли 2022 — 18°С-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар ин минтақа нисбат ба соли пешин 2°С зиёд шуда, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пирях гаштааст.

«Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо давоми моҳҳои июн-августи соли равон ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳими пажӯҳишӣ анҷом дода истодаанд. Дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар экспедитсияҳои аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо ташкилнамуда мутахассисон аз пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд»,-зикр намуд А.Қаюмов.

Ӯ илова намуд, ки ҳамаи экспедитсияҳо ва таҳқиқоти илмӣ дар ҳамоҳангӣ ва мувофиқа бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бевосита бо дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ташкил карда шуда, мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, ҷонибдорӣ аз Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи обшавии пиряхҳо дар ҷаҳон ва пайомадҳои он дар натиҷаи тағйири иқлим бонги изтироб зада буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пештар, соли 2009 Пешвои Тоҷикистон дар мавриди зарурати таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз минбари Конфронси байналмилалии тағйирёбии иқлим дар Копенгаген пешниҳод карда буданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 31, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаронида шуданд