ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, панҷшанбе, 230-юмин рӯзи соли 2022 аст

Август 18, 2022 08:00

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ карданд.

***

7 сол пеш, 18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа авзои вақт ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.

18 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

  Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

***

Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.

***

Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.

РӮЙДОДҲО:

18 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, аз мавзеъҳои таърихиву муқаддаси ин шаҳри қадима дидан намуданд.

***

18 августи соли 2010 масоили ҳамкории вақт ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ шуданд.

***

7 сол пеш, 18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  баргузор гардид.

***

18 августи соли 1700  дар Шветсия баъди гуфтушунид Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф  ва  бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зиммаи худ гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни баргузории брифинг иттилоъ дод, ки дар Узбекистон мисли Тоҷикистон сару либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ карда шуд.

***

Соли 1973  бостоншиносони америкоӣ дар Юнон далелеро пайдо карданд, ки ҳанӯз 750 сол пеш аз замони мо инсоният ба баҳр баромадааст.

Август 18, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш