ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, ҷумъа, 218-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 6, 2022 08:00

6 августи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

***

9 сол пеш, 6 августи соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.

6 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».

***

Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

РӮЙДОДҲО:

6 августи соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификат ва кимоно супорида шуд.

***

6 августи соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

 

***

Дар ин рӯзи соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Япония бомбаи атомӣ партофтанд.

***

6 августи соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

***

6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

***

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Август 6, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, шанбе, 225-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, ҷумъа, 224-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, панҷшанбе, 223-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, чоршанбе, 222-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, сешанбе, 221-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, душанбе, 220-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, якшанбе, 219-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, ҷумъа, 217-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, панҷшанбе, 216-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, чоршанбе, 215-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июл, сешанбе, 214-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, душанбе, 213-умин рӯзи соли 2022 аст

Маводҳои таҳлилӣ