ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Жапаров дар иҷлоси СММ сухан гуфта, гумон кардааст аз минбари Жогорку Кенеши Қирғизистон ҳарф мезанад,- сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷаҳони Паём»

Сентябрь 22, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Жапаров Иҷлосияи СММ-ро гумони ҷаласаҳои Жогорку Кенеши Қирғизистон кардааст. Яъне, аз минбари Жогорку Кенеш ҳар нафар рақиби худро бо бешармии тамом, беасосу бедалел сиёҳ карда, ҳатто даст ба гиребон шуда метавонад. Туҳмату буҳтон дар сиёсату давлатдории Қирғизистон амри маъмулӣ шуда, ба ин зуҳурот одат кардаанд»,- ин гуна баён дошт  назарашро сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷаҳони Паём»,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Комрон Сафаров дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон.

Ба ибрози муаллиф, «Жапаров ба гунаи дарҳам-барҳам гуфтааст, ки соли 1996 ва солҳои баъдӣ Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ бо Россия, Қазоқистон ва Чин муваффақ гардида буд. Вале ин «ҷалолатмаоб» намедонад, ки масоили марзӣ он замон дар доираи Паймони ҳамкории Шанхай, имрӯза Созмони ҳамкории Шанхай, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисонаш ҳастанд, ҳал гардида буд! Шояд ба маълумоти Жапаров бори дигар расонем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон давоми 12 соли охир дар марз бо Қирғизистон беш аз 290 даргирии мусаллаҳона рух додааст. Албатта, дар ин бора санадҳо мавҷуданд ва мақомоту ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар мавриди зарурат пешниҳод хоҳанд кард. Аммо боварии комил дорем, ки мисли даргириҳои чанд рӯзи пеш дар гузашта низ сабабгор марзбонони қирғизанд. Ба чӣ далел? Ҳамин гуна даргириҳои мусаллаҳона тибқи манбаъҳо на танҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар марзи Қирғизистону дигар ҳамсоядавлатҳо мунтазам бо гуноҳи ҷониби Қирғизистон рух медиҳанд. Дар хулқу атвори ин ҳамсояи мо муросокорию ҳамсоядорӣ нест ва дигар ҳамсояҳо низ инро медонанд»,-баён медорад ҳамсуҳбати мо.

Ниҳоят, воқеоти чанд рӯзи охир собит кард, ки аҳдшиканӣ барои ҷониби Қирғизистон одати муқаррарист. Ҳамаи ин барои ҳар яки мо нохушоянд аст. Вале фикр мекунам, ки ҷои хавотирӣ ва ноумедию парешонфикрӣ нест. Мо таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дорем. Дар сарзамини аҷдодони худ ба сар мебарем. Пояҳои давлатамон устувор асту дар арсаи байналмилалӣ эътибор дорем. Муҳимтар аз ҳама, дар ин гиру дор ҳақ ба ҷониби мост! Ниҳоят, омили аслӣ ва неруи мо дар иттиҳоду ҳамбастагист. Давлату халқи Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сангинтарин мушкилоту имтиҳонҳои зиндагию давлатдориро бо сари баланд гузаштаанд! Ин бор ҳам чунин мешавад! Мо давлат ва халқи тавоноем!

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд