Қатораи мусофирбар аз Хуҷанд ба самти Русия ба роҳ мебарояд
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз танаффуси дусола имрӯз, 7 сентябр қатораи мусофирбар аз Хуҷанд ба самти Волгоград ҳаракат мекунад. Қатора соати 13 ба роҳ баромада, баъди 2,5 шабонарӯз ба Волгоград мерасад. Нархи чиптаҳо, ба гуфтаи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», вобаста ба шароити дохили қатора аз 1,2 ҳазор то 1,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қатора дорои 10 вагон буда, барои 614 мусофир пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки ин хатсайр сеюмин масири мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба Русия хоҳад буд. Қаблан хатсайрҳои роҳи оҳан ба Русия аз Кӯлоб ва Душанбе барқарор шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ба далели пандемияи COVID-19 17 марти соли 2020 иртиботи роҳи оҳанро бо Тоҷикистон лағв намуд.
Ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба самти Русия дар ҳолест, ки Душанбе ва Тошканд тавофуқ карданд, ки қимати чиптаи қатораро то 20% арзон кунанд. Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди коҳиши нархи чиптаҳои қатора, ки дар масири «Душанбе-Тошканд-Душанбе» ҳаракат мекунанд, ба мувофиқа расидаанд. Нарх 20% арзон мешавад, хабар медиҳад Podrobno.uz.
Зимни гуфтушуниди роҳбарияти ҶСК «Узбекистон темир йулларӣ» ва КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» созишномаҳои дахлдор ба имзо расидаанд. «Аз 6 сентябри соли 2022 ба арзиши чиптаи қатораи мусофирбари байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе 301/302 20% тахфифи иловагӣ ҷорӣ карда мешавад»,-таъкид кард «Узбекистон темир йуллари».
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мусофирбар миёни Душанбе ва Тошканд 20 июни соли ҷорӣ барқарор гардид. Қатора аз 10 вагон иборат аст: 4 купе, 5 курсии захирашуда ва вагон-тарабхона. Масофа аз Тошканд то Душанбе тавассути роҳи оҳан 916 километр аст. Қатора рӯзи душанбе аз Душанбе ҳаракат намуда, рӯзи сешанбе, соати 13:43 ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд рӯзи сешанбе, соати 16:15 баромада, рӯзи чоршанбе вориди Душанбе мешавад.
Нархи чиптаи вагони пласткарт 340670 сӯм (тахминан 312 сомонӣ), чиптаи вагони купе 417040 сӯм (тахминан 383 сомонӣ ) мебошад. Қаблан нархи чипта аз 373 сомонӣ оғоз мешуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






