БА ОСИЁБИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОБ НАРЕЗЕД! Изҳороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба гузориши иғвоангези Радиои «Озодӣ»

Сентябрь 23, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузориши Радиои «Озодӣ»-ро аз 22 сентябри соли равон дар бораи он ки гӯё роҳбарияти олии кишвари мо ба оилаҳои дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи  Қирғизостон осебдида таъзия баён нанамуд ва  беэтиноӣ зоҳир мекунанд,  мавриди баррасӣ қарор дода,  онро дурӯғи маҳз ва таҳрифи рӯирости асли воқеа арзёбӣ намуд, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

«Бо оғози муноқишаҳои ахири марзӣ бинобар ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, барои таъмини субот дар минтақа аз тамоми имконият истифода гардид», — зикр намуданд дар хадамоти матбуот.

Бинобар суханони намояндаи хадамот, сокинон хуб медонанд, ки роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша дар паҳлӯи мардум буда, ҳимояи амният ва дастгирии аҳолиро дар рӯзҳои сахт вазифаи ҷонии худ меҳисобад.

«Бо супориши махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ба манзили шаҳидон рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Президенти мамлакатро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расониданд», — иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилоят.


Таъкид гардид, ки нашри чунин гузоришҳои иғвоангез дар лаҳзаҳои ҳассос ба манфиати кор  нахоҳад буд.  «Чунин гузоришҳо ба осиёби душманони миллат ваа олами ҷиноӣ об мерезад. Воситаҳои ахбори омма баръакс бояд ба беҳбуди вазъият ва суботи ҷомеа мусоидат намоянд. Бинобарин, аз онҳо даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои сахт дар канори мардум бошанд», — гуфтанд дар хадамот.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 23, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон