Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳоҷирати занон ва ҷавонон, бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар имрӯз зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаи омори баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа гузоришҳои муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, маориф ва илм, Бонки миллии Тоҷикистон,» пешниҳод шуданд.
Дар фарҷом доир ба тақвияти танзими равандҳои муҳоҷират санади дахлдор қабул гардид.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд






