Дар Хатлон ҳамасола ҳавзҳои моҳӣ аз 40 то 50 гектар зиёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамо, соли равон хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон бояд 4500 тонна моҳии хушсифат истеҳсол намоянд. То моҳи июли соли равон хоҷагиҳои мазкур 816,1 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят аз 40 то 50 гектар ҳавзҳои моҳӣ зиёд шуда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон.
Тавре масъулин иброз доштанд, қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хубе фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон 276 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати ҳавзҳои онҳо дар маҷмӯъ 2703 гектарро дар бар мегирад. Соли равон дар ҳудуди вилоят 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст. Моҳипарварони вилоят мақсад доранд, ки аз ҳар гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дошта, дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо роҳандозӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.
Дар вилояти Хатлон бо мақсади барқарор кардани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар додани моҳичаҳо амалӣ карда мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад






