ДАР «ИЛМ ВА ТАБИАТ» ДИРЕКТОРИ НАВ ТАЪЙИН ШУД. Дар ҷадвали барномаҳои шабакаи нави телевизионӣ чӣ навгониҳо ба амал меоянд?
ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2022 таҳти рақами 397 Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъйин карда шуд.
Саймукарам Шарифзода 36-сола буда, дар мақоми нав Зиннатулло Исмоилзодаро, ки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад, иваз кард.
Саймукарам Шарифзода то ин таъйинот дар шабакаи телевизионии иттилоотии «Ҷаҳоннамо» ва баъдан дар шабакаи асосии телевизиони давлатии кишвар «Тоҷикистон» кор кардааст. Муддати се сол дар вазифаи муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқӣ ва ду сол чун барандаи барномаи бомдодии «Субҳ»фаъолият намудааст. 11 соли охир яке аз наттоқони асосии барномаи иттилоотии «Ахбор» буд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» 14 декабри соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик ба пахши барномаҳо шурӯъ кард. Дар бораи таъсиси он Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2020 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз супориш дода буданд.
Сарвари давлат намояндагони илму маориф ва фарҳанги кишварро бо фарорасии ҷашни баҳор табрик гуфта, дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ супориш доданд, ки шабакаи нави телевизионӣ таъсис дода шавад. «Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳад», — чунин супориш доданд Пешвои миллат зимни суханронии худ.
Ва аллакай моҳи августи ҳамон сол Ҳукумати мамлакат дар бораи таъсиси шабакаи нави телевизионӣ қарор ба тасвиб расонд.
Директори нави телевизион Саймукарам Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ бо кормандони шабака кӯшиш ба харҷ медиҳад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд гардад. «Барои ин нақша дорем, бо истифода аз имкониятҳои телевизион ва ҷалби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монем», — гуфт ӯ.
Ба зикри директор, ҳоло барномаҳои «Сайри кайҳон», «Илм ва амал», «Баракат», «Чор унсур», «Суфраи табиат», «Теғи Сино» ва «Ҷилои дониш» мунтазам пахш мешаванд.
Муассисаҷиҳати таҳияи лоиҳаи як қатор барномаҳои ҷадид даст ба кор шудааст. Аз ҷумла, таҳияи лоиҳаҳо бо номҳои шартии «Илм ва технология», «Об рушди устувор», «Ворисони илм», «Рисолаи мусиқӣ», «Суоли илмӣ», «Сайёд», «Чароғи ақл», «Як рӯзи…», «Иқлим», «Сарват», «Гиёҳнома» ба андозаи 80 фоиз иҷро гардида, рӯзҳои наздик мавриди амал қарор дода мешаванд.
«Дар барномаҳои нав дар бораи дастовардҳои илми ватаниву ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионии олимони дохиливу хориҷӣ суҳбат мекунем», — гуфт Саймукарам Шарифзода.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» шурӯъ аз 1 сентябри соли 2022 дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвораи «YAHLAIF» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад. Он барои муштариён давоми чор моҳ ба шакли HD барномаҳояшро ройгон пахш менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии шахсии С. Шарифзода








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






