Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба нақш ва мақоми зан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсия доир гардид

Сентябрь 9, 2022 10:47

ШАҲРИНАВ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақш ва мақоми зан дар даврони Истиқлолият» конференсияи илмӣ- амалӣ баргузор шуд, ки дар кори он намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муродова, муовини Раиси ноҳия Шоиста Неъматуллозода, занони собиқадор ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар ҷамъомад меҳмонон оид ба Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва мавзӯи «Нақш ва мақоми зан дар даврони Истиқлолият» иброз доштанд, ки баъди расидан ба истиқлолият дар Тоҷикистон нақш ва мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти давлатию ҷамъиятии бонувон зиёд шуд.

Зикр шуд, ки нақш ва мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи мутамаддин ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ басо арзишманд буда, фаъолияти пурвусъату густурдаи давлативу ҷамъиятии Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он ҷойгоҳи миллати тоҷик бо ҳама шуҳрату шаҳоматаш инъикос ёфтааст. Иқдомоти созандаи Сарвари давлат омили рушд ва такмилдиҳандаи давлати миллӣ буда, аз даврони аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон рӯй оварда, бо ин самимият ва ғамхории падарона муҳаббати ин қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба муқаддасоти миллӣ зиёд менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 9, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд