Дар Туркия Форуми байниминтақавии соҳибкорони Хатлон ва Газиантеп баргузор шуд

Сентябрь 14, 2022 08:53

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Газиантепи Туркия Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Газиантепи Туркия ҷараён дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи форум роҳбарияти шаҳри Газиантеп, Раиси Палатаи савдо ва саноати Газиантеп Меҳмет Тунҷай Йилдирим, Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашраф Гулов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба имконияти сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар самти рушди саноат, зарфияти иқтисодии музофотҳои ҳарду кишвар суханронӣ карданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Газиантепи Ҷумҳурии Туркия ба кумитаи тадорукот, роҳбарияти вилоят ва шаҳри Газиантеп арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Ба ҳамин шакл баргузории форуми тиҷоратӣ ва намоишу вохӯриҳои иқтисодӣ сабаби он гардидааст, ки ҳамасола сарчашмаҳои нави ҳамкорӣ миёни ҳарду ҷониб мавриди истифода қарор гиранд.

Аз ҷумла, ҷалби сармояи Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, нақши соҳибкорони ин кишвар бо истифода аз фазои муосиди сармоягузории Тоҷикистон дар амалисозии тарҳҳои муштараки роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, саноат ва тандурустӣ зиёд гардида истодааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҷалби сармоя шароити мусоид фароҳам овардаву минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил намудааст, инчунин аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ онҳо бархӯрдоранд.

Чунин имконотро сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия дар доираи сиёсати сарони ҳарду давлат самаранок истифода мебаранд.

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода дар форум имконияти иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳии вилоятро рӯнамоӣ кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон

Сентябрь 14, 2022 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд