ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Дубай сафар кард
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ҷамъомади хотимавии тамринии худро дар шаҳри Дубай оғоз кард, иттилоъ доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид футзал бо дастаҳои маҳаллӣ чанд бозии санҷишӣ мегузаронад.
Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн (27 сентябр), Узбекистон (29 сентябр) ва бо Туркманистон (1 октябр) бозӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал
Дарвозабон: Фируз Бекмуродов, Фируз Бозмамадов (ҳарду – «Истиқлол»);
Бозингарон: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама– «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев (ҳама – «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ: Пайрав Воҳидов
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






