ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад

Сентябрь 4, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда шавад».

Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ иброз намуд, дар мамлакат 74 китобхона мавҷуданд, ки аз онҳо 1 адад Китобхонаи миллӣ, 1 адад Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, 7 адад вилоятӣ, 65 адад шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мебошанд. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳо  китобхонаҳои зерсохтор- 1259  филиал мавҷуданд, ки аз он 77 адад китобхонаи бачагона мебошад. Хамчунин дар мамлакат 160 китобхонаи вазорату идораҳо ва 4578 китобхонаи соҳаи илму маориф фаъолият мекунад.

Мавсуф зикр намуд, ки тахмин меравад дар ин китобхонаҳо тақрибан 12 млн нусха китобҳо нигоҳдорӣ шаванд. Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

«Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад»,— омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.

Бояд гуфт, ки тайи 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расиданд. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки бевосита таҳти сарпарастии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони  мамлакат доир гардида истодааст.

Озар Орифӣ иброз намуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат ҳар сол барои баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» ва озмуни «Китоби сол» доир менамояд. Аз ин рӯ тадбирҳои мазкур кормандони соҳаро водор месозанд, ки неруи илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намоянд ва бо эҳсоси ифтихормандӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоламон саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат тибқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2019 ироашуда  чоп гардида, ба ҳар оилаи Тоҷикистон тақдим гардид.

Китоби мазкур дар «Нашриёти муосир» бо теъдоди 1 600 000 нусха ба сифати баланд чоп гардид.

Ҳамчунин бо Амри Сарвари давлат ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани озмуни мазкур 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.

Китоб ба тани мо ҷон мебахшад, зулматистони дилу дидаҳоро равшан менамояд, шавқу завқамонро бедор мекунад, дарк карда тавонистани забонҳои ҳаётро ёд медиҳад, байни ҳусну қубҳ фарқ гузоштанро меомӯзонад, равони мо аз он ҳузуру ҳаловат мебарад, чароғи қалбҳоро мунаввар месозад. Бузургони олам хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, шаъну шараф ва эътибору пешрафти корашонро маҳз аз мутолиаи бефосилаи китоб донистаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи китоб ва баргузории озмунҳои болозикр ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон, инчунин мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят мекунанд.

Ин байтҳои ҷовидонаи шоири бузург Абдураҳмони Ҷомиро метавонем чун хотимаи гуфтаҳоямон дар васфи китоб-ин ганҷинаи бебаҳои ҳастӣ  манзур намоем:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид