Коршинос: Дар СҲШ рӯзномаи иқтисодӣ дар мадди аввал қарор мегирад

Сентябрь 12, 2022 10:24

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агар қаблан авлавияти асосии СҲШ таъмини субот дар минтақа буд, ҳоло таъмини рушд дар доираи минтақаи Авруосиё дар мадди аввал хоҳад буд, чунин меҳисобад директори Маркази тадқиқоти маҷмӯии аврупоӣ ва байналмиллалии Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Мактаби олии иқтисод» Василий Кашин (ДАР АКС). Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа» хабар медиҳад.

«Дар марҳилаи нав дар мадди аввал на ҷузъи ҳарбию сиёсии СҲШ, ки қаблан бартарӣ дошт ва зиддияти зиёдеро, аз ҷумла миёни Ҳиндустон ва Чин, Ҳиндустон ва Покистон ба вуҷуд меовард, қарор мегирад. Дар маркази таваҷҷуҳ рӯзномаи иқтисодӣ ва бисёр чизҳое, ки моро муттаҳид мекунанд, хоҳанд буд. Аз ҷумла, имкони ба роҳ мондани савдои озод новобаста аз фармоиш ё фишор аз берун. Ин, албатта, манфиати умумии мост», —гуфт Василий Кашин зимни шарҳ додани нишасти дарпешистодаи СҲШ-ро дар Самарқанд.

«Қаблан дар доираи СҲШ як афзалияти умумӣ вуҷуд дошт — таъмини субот, ҳатто агар он дар кишварҳои гуногун ба таври дигар фаҳмида мешуд. Ҳоло ҳамон гуна авлавият- таъмини рушд дар дохили минтақаи Авруосиёст»,- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Синхуа.

Русия ба фаъол шудани СҲШ, густариши он ва баланд бардоштани нақши Созмон дар иқтисодиёт манфиатдор аст,- чунин мешуморад Василий Кашин. Робитаҳои Русия бо Аврупо, ки шарики асосии иқтисодии он буд, комилан аз байн рафтаанд. Ҳоло имконияти пайдо кардани бозори муқоисашаванда дар Шарқ ба миён омадааст. Ҳамкорӣ чандин сол боз пай дар пай вусъат меёбад. Ҳоло бо сабабҳои сиёсӣ ин равиш бо суръати тез ҷараён мегирад. «Эҳтимол, шояд аллакай солҳои 2023-2024 гардиши мол миёни Русия ва Чин аз гардиши мол бо Аврупо бештар шавад. Ин, албатта, тағйироти калон, тағйири таносуби таърихист, ки дар оянда, агар он сурат гирад, чеҳраи Русияро дигар хоҳад кард», — таъкид кард Василий Кашин.

АКС: valdaiclub.com

Сентябрь 12, 2022 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон