Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Свердловски Россия баррасӣ шуд

Сентябрь 16, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини раиси ин вилоят Василий Козлов ва Вазири ҳамкории иқтисодии хориҷии вилоят Вячеслав Ярин масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоии тайёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2022 гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021  41,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкории кунунӣ миёни ду кишвар имконияти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.

Вобаста ба ин зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Сентябрь 16, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид