ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Панҷакент коргоҳи саноатии ҶСП «Мармари Саразм» ба кор шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм», ки барои коркарди захираҳои бузурги мармари ҳудуди шаҳр пешбинӣ шудааст, ба кор оғоз мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Саноатикунонии босуръати мамлакат, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дониста шудааст, ба рушди саноат такони нав бахшид.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм» боздид намуда, бо фаъолияти коргоҳ шинос шуд ва ба роҳбарияти нави он ҷиҳати ба кор андохтани мошину механизмҳои мавҷуда, таҷдиди корхона, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ташкили ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд






