««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои баргузории озмун омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо истиқбол аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» миёни устодону донишҷӯён корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.
Муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Наимзода ба устодону донишҷӯён моҳияти озмунро шарҳ доданд.
Зикр шуд, ки озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр); омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсил, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд ширкат варзанд.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 доир мегардад.
Ба устодону донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 гузаронида мешавад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон








Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






