Вазорати маориф ва илми ҶТ: Бори аввал дар Тоҷикистон теъдоди хонандагон ба 2,3 миллион нафар расид
ДУШАНБЕ, 02.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон 272 ҳазор нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд. Соли 2020 шумораи хонандагони синфи якум 246 ҳазору 876 нафар ва соли 2021 263 ҳазору 652 нафарро ташкил медод. Инчунин аввалин бор дар таърихи мамлакат шумораи мактаббачагон дар умум ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи Сардори раёсати идоракунии иттилоотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Фаридун Раҳимзода хабар дод.
Афзоиши шумораи мактаббачагонро ба назар гирифта, сол то сол шумораи мактабҳои нав сохта, ба истифода дода мешавад. Тавре дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ба истифода додани бинои нави ДДТТ изҳор доштанд, «танҳо дар соли 2021 ва 6 моҳи соли равон 247 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат барои зиёда аз 110 хазор нафар донишҷӯён сохта шудаанд».
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд ва таъсиси 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдоми созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ҳукумати мамлакат сол аз сол маблағгузориро ба соҳаи илму маориф зиёд мекунад. Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад
Зарангзи ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






