«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ташаббускорони иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» аз ноҳияи Балҷувон ба ноҳияи Темурмалик сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ҷараён дорад, ки имрӯз ташаббускорони он ба ноҳияи зебоманзари Балҷувон расиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
«Албом-Эстафета» аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ба Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода тақдим карда шуд.
Меҳмононро дар фазои гарму самимӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона аҳли фаҳанги ноҳия истиқбол гирифтанд. Меҳмонону сокинон дар маркази ноҳия дар даст шиору овезаҳо ва парчамҳои ҳизбӣ ҳамчун рамзи сарбаландиву осоиштагии Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд. Зимнан меҳмонон аз Осорхонаи ноҳияи Балҷувон, ки дар он ҷо нигораҳои таърихӣ маҳфузанду бозгӯи рӯзгори чандинасраи мардуми ин мавзеъи куҳандиёранд, дидан намуда, аз таърихи пурғановати ин ноҳияи дурдаст воқиф гардиданд.


Мавриди зикр аст, ки қабл аз оғози ҳамоиши ҳизбӣ дар назди даромадгоҳи Осорхона ва Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид. Дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастии занону бонувон ва дастовардҳои варзишгарон ба маъраз гузошта шуданд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандону варзишгарони ноҳия баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушд ёфтани анъанаҳои неки ниёгон ва омӯзонидани касбу ҳунар ба наврасону ҷавонон таъкид карданд.
Сипас дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода ҳамоиш доир гардид. Дар он масъулин доир ба таърих ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ изҳори андеша намуданд.


Нимаи дуюми рӯз ташаббускорони ташаббуси ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ба ноҳияи Темурмалик сафар карда, дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту суҳбатҳо ва ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи ин ташаббус сурат мегиранд, иштирок мекунанд.
Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






