45 нафар бонувони вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон соҳиби шаҳодатномаи давраи омӯзишии «Зан-сарвар» гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагони давраи омӯзишии «Зан-сарвар» шаҳодатнома супорида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.
45 нафар занону духтарон аз вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, соҳиби дипломи давраи омӯзишии «Зан — сарвар» гардиданд, ки дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Дар давраи омӯзишии мазкур шунавандагон дар 3 давра таҳсил карда, ба таҷрибаомӯзӣ низ сафарбар шуданд.
Дар ҷамъомад Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшо, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Гурезода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иштирок намуданд.
Ректори Академия идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуданд, ки бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то имрӯз якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Масъалаи дастгирии бонувони минтақаи кӯҳистон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувон бо дониши мукаммал, матонату ҷасорат ва малакаи хуби кордонии худ метавонанд дар соҳаи идоракунии давлатӣ муваффақона фаъолият кунанд ва дар амалигардонии сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисса гузоранд.
Ҳадаф аз баргузории курси омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ дар риштаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар занону бонувони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон давраи омӯзишии дуалиро соли 2019 оғоз намуда, аз аввали он то ба имрӯз қариб 175 нафар занон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






