Ҳайати журналистони Узбекистон аз шаҳри Душанбе боздид намуд

Октябрь 13, 2022 14:20

 ДУШАНБЕ, 13.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров ба шаҳри Душанбе омад. Меҳмононро Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни истиқболи меҳмонон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд. Ин раванд  аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Узбекистон шаҳодат медиҳад.

«Боду ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон ба ман писанд омад. Дар аснои сафар маро табиати нотакрори дараи Варзоб, ки дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тоза дорад ва ба рӯҳи инсон ҳаловат мебахшад, мафтун намуд. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони бениҳоят дилпазир аст»,- иброз дошт Сармуҳаррири «Овози тоҷик» Шерпулот Вакилов.

Сафари ҳайати меҳмонон аз 12 то 16 октябр ҷараён гирифта, дар доираи он рӯзноманигорони Узбекистон инчунин аз шаҳрҳои Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара дидан менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ҳайати журналистони узбек дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, дар толори Академияи ВАО бо ҳамкасбони худ вомехӯранд.

Дар рӯзи аввали сафар меҳмонон аз Кохи матбуот ва Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот анҷом доданд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан карданд.


Инчунин дар доираи сафар журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Турсунзода амалӣ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Тоҷикистон ва Узбекистон марҳилаи сифатан нав касб намуданд. Аз ҷумла, 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишвари ҳамдигар сафар намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд