Ашурбой Солеҳзода: «Ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон аст»

Октябрь 11, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи солҳои 2023-2025 афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 127,2 млрд сомонӣ то 162,9 млрд сомонӣ бо суръати афзоиши воқеии миёнасолонаи 8 фоиз пешбинӣ карда шудааст. Ин меъёр дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 пешбинӣ шудааст, ки 30 сентябри соли 2021 қабул гардидааст. Дар ин робита  хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой СОЛЕҲЗОДА дар мавриди заминаи меъёрии ҳуқуқии таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 ва  вазъи ноустувори амниятӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ мусоҳиб гардид.

АМИТ «Ховар»: Заминаи меъёрии ҳуқуқии таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 кадомҳоянд?

А.Солеҳзода: Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» бо назардошти дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ноилшавӣ ба ҳадафҳои гузошташудаи кишвар ва таъмини суръати шиддатноки рушди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади таҳияи сифатнок ва саривақтии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ҳамасола лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили корҳо дар ин самтро таҳия менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба тасвиб расонида мешавад. Аз ҷумла, барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2025 Фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 сентябри соли 2021 қабул шуд. Тибқи талаботи фармоиши мазкур, аз ҷониби вазорат номгўи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бо назардошти шароити имрўза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ муайян карда шуда, якҷо бо тавсияҳои методӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон бо мақсади сифатнок ва дуруст муайян намудани сарчашмаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин асоснок намудани нишондиҳандаҳои дурнамо дар вазорат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла дурнамоҳои рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баррасӣ гардида, ба масъулон тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Дар баробари ин вазорат баҳодиҳии пешакии «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025»-ро омода намуда, ба Вазорати молия барои корбарӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати муҳими молиявии давлат – буҷети давлатӣ барои соли дахлдор пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти корҳои анҷомдода лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» таҳия гардида, бо қарори аз 29 июли соли 2022 қабулгардида мавриди амал қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна дар тӯли солҳои 2023-2025 чӣ қадар муайян карда шудааст? Сарчашмаҳои таъмини маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз кадом бахшҳо бештар ба назар мерасанд?

А. Солеҳзода: Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор бо назардошти дастуру супоришҳои Паёмҳои Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён шуда, инчунин таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия мегардад.

Дар солҳои 2023-2025 афзоиши ҳаҷми Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 127,2 млрд сомонӣ то 162,9 млрд сомонӣ бо суръати афзоиши воқеии миёнасолонаи 8 фоиз пешбинӣ карда шудааст.

Дурнамои таъмини сарчашмаҳои Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2023-2025 асосан аз ҳисоби рушди назарраси бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин савдою хизматрасонӣ ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ пешбинӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, буҳрони ҷаҳонӣ ба ҳаҷми сармоягузорӣ дар кишвари мо бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо таъмин ва рушди ин соҳа чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?

А. Солеҳзода: Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди кишвар ва амалишавии ҳадафҳои стратегӣ- ин ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти фароҳам гардидани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, инчунин тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, тибқи дурнамо ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо назардошти афзоиши солона ба андозаи 8,7 фоиз барои соли 2023 ба маблағи умумии зиёда 900 млн доллари ИМА пешбинӣ  шудааст.

Ҳамзамон ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли 2023 17299,1 млн сомонӣ, соли 2024 19000 млн сомонӣ ва соли 2025  21300 млн сомонӣ пешгўӣ мегардад.

Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2025 мутаносибан дар ҳаҷми 4900, 5200 ва 5600 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»: Солҳои 2025-2026 вақте дурнамо таҳия мегардад, кадом хавфҳои эҳтимолӣ ба назар гирифта мешаванд?

А. Солеҳзода: Ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои солҳои дахлдор (яъне солҳои 2025-2026) вазъи иқтисоди ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ, ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии тиҷоратӣ, инчунин афзалияти стратегии кишвар ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар солҳои охир ба инобат гирифта мешаванд.

Бо мақсади татбиқи сифатнок ва саривақтии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафи олии кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум дар айни замон дар кишвар зиёда аз 200 стратегияву барномаҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки имконияту захираҳои кишвар ҳанўз ба таври пурра истифода нашудаанд, ки ин барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар давраҳои минбаъда омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин бо итминони комил гуфта метавонем, ки иҷрои сифатноки ҳуҷҷатҳои зикргардида баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 заминаи воқеӣ мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд