БА ШАРАФИ ҶАШНИ МАВЛУДИ ПРЕЗИДЕНТҲО. Варзишгарони ҷавон парчамҳои Тоҷикистону Россия ва аксҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро ба баландтарин қуллаи вилояти Суғд бароварданд!

Октябрь 7, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ варзишгарони тоҷик ба қуллаи Музбеки қаторкӯҳҳои Муғултой баромада, ба онҷо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Россия ва аксҳои сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро бо худ гирифтаанд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин бора имрӯз хабаргузории «Азия-Плюс» хабар додааст.

«Имсол 5 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70-сола шуд ва 7 октябр Президенти  Россия Владимир Путин низ 70-солагии худро таҷлил мекунад. Ба ифтихори таҷлили мавлуди онҳо ва дӯстии ду давлату мардум тасмим гирифтем, ки парчаму аксҳои пешвоёнро ба баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Хуҷанд барорем»,- иброз намуд ба агентӣ яке аз ташаббускорони ин иқдом, президенти Федератсияи ҷавонон оид ба санъати размии Тоҷикистон Геннадий Набиев. Ташаббускори дигари ин иқдом Академияи каратэ ва санъати размии Тоҷикистон буд.

Баландии қуллаи Музбек 1624 метр аз сатҳи баҳр буда, баландтарин нуқтаи қаторкӯҳҳои Муғултой аст, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон воқеъ мебошад.

Ба гуфтаи Геннадий Набиев, баромадан ба қуллаи Музбек бо парчамҳо ва аксҳои президентҳо аллакай ба ҳукми анъана даромадааст — ҳафт сол пеш, 4 октябри соли 2015 ва соли 2017 низ варзишгарони ҷавон бо парчаму аксҳо ба ин қулла баромада буданд. Имсол худи Геннадий Набиев бо сабаби вазъи саломатиаш ба қулла баромада натавонист, бинобар ин ҷавононро Раиси Академияи каратэ ва санъати размӣ Каримҷон Ҳоҷибоев ҳамроҳӣ намуд.

ДАР АКС: солҳои 2015 ва 2017 низ варзишгарони ҷавони Хуҷанд бо парчам ва аксҳо ба қуллаи Музбек баромаданд

4 апрели соли 2018 Устоди варзиши Шӯравӣ Геннадий Набиев ба мухбири «Народная газета» дар бораи яке аз ин қуллаҳо чунин гуфт:

«… Роҳи ба қулла баромадан қад-қади дара аз деҳаи Чашма-арзан ба самти ғарб воқеъ аст. Якбора аз деҳа пайроҳаи печдор оғоз мешавад. Ва қад-қади дара ҳар қадар баландтар равем, табиати он ҳамон қадар шавқовар ва зеботар мешавад. Ҳар гардиши пайроҳа, пас аз ҳар даҳ метр гузаштан аз нишебӣ ба пеши чашми сайёҳ манзараҳои наверо, ки яке аз дигараш ҷолибтар аст, намудор менамоянд. Дар ин ҷо сангҳо бо тарҳҳои аҷибанд, ки баъзан ба биноҳои вайроншуда, гоҳо ба азимҷуссаҳои афсонавӣ шабоҳат доранд. Сайёҳонро дар қисми болоии дара тасвирҳои боз ҳам зеботари табиати зинда интизоранд. Ба назар мерасад, ки дар пеш дигар роҳ нест. Дар болои сари мо деворҳои ҳамвор аз сангҳо ҳастанд, ки ба осмон мерасанд. Дар фасли баҳор аз онҳо ҷӯйчаҳои  соф  мисли мор ҷорӣ мешаванд, кабкҳои кӯҳӣ ба ин ҷо обнӯшӣ меоянд. Шаҳомати ин гӯша диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад ва онҳо дар ин ҷо истода, аз зебоиҳои ғайриодии табиат ҳаловат мебаранд.

Аммо тақрибан пас аз 50 метр тай кардани роҳ дараҳо гӯё аз ҳам ҷудо мешаванд, шуморо мавҷи гарми ҳаво, шуоъҳои дурахшони офтоб пешвоз мегиранд. Аз умқи кӯҳҳо ҷараёни сабуки оби чашма ҷорӣ шуда, мисли  тасмачаи борик аз нишебӣ поён меравад. Аз он менӯшӣ ва худро дигар  аз он канда наметавонӣ. Аз ин ҷо барои баргаштан ба пайроҳа масири нав интихоб кардан мумкин аст, ки он ба маҳаллаи 27-и соҳили рост (Хуҷанд – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»)  мебарад. Вале сайёҳон  роҳро идома дода, ба самти шимолу шарқ рӯ ба нишебӣ ҳаракат мекунанд. Дар асри гузашта қуллаи Музбек ҳамасола макони зиёрати садҳо шаҳрвандон буд. Дар ин ҷо, дар баландии қулла ба варзишгарони маъруф шаҳодатномаи  сайёҳӣ супорида мешуд.

4 апрели соли 2018 кӯҳнавардии мо низ истисно набуд. Ҳадаф- барафрохтани парчамҳои Тоҷикистону Россия ва дар боло насб кардани аксҳои роҳбарони ин мамлакатҳо буд. Ба қулла расида, мо ҳамроҳ бо аҳли гурӯҳ бо парчами ду давлат акс гирифтем. Ба ин гурӯҳ, ки онро мураббии калони дастаи каратэи вилоят Каримҷон Ҳоҷибоев роҳбарӣ мекард, чемпионҳо ва ҷоизадорони чемпионатҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ – Умедҷон Шарифов, Марям Юсупова, Абдумаҷид Баротов, Тимур Юсупов ва дигарон шомил буданд.

Дар ин қуллабароӣ шаҳрвандони Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд, низ ширкат варзиданд. Баъд гурӯҳи сайёҳӣ ба барелефи Ленин, ки номи онро солҳо боз маркази вилоят дар Сирдарё ба худ гирифта буд, фаромад ва баъд аз андак таваққуф аз нишебиҳои душвортари ҷанубии кӯҳ ба фаромадан шурӯъ карданд. Гурӯҳ баъди се соат ба дара, ки онро кӯҳистониён Девона-Сой меноманд, фаромада, ба пуштакӯҳи деҳаи Чашма расид ва аз он ҷо ҳама бо таассуроти хуб ва саломат ба хонаҳои худ расиданд».

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 7, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода