Беш аз 200 нафар бонувони тоҷик ба курсҳои омӯзиши компютерӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 240 нафар бонувони тоҷик ба курсҳои омӯзиши компютерӣ фаро гирифта мешаванд, иттилоъ медиҳад намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/дар Тоҷикистон.
Омӯзиши курсҳои компютерӣ ба занон имкон медиҳад, ки малакаи технологияҳои иттилоотиро дар бахши бозаргонӣ дастрас намоянд ва қобилияти касбиашонро беҳтар созанд. Он ҳамчунин ба ҳалли мушкили саводнокии компютерӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки танҳо 11 дарсади аҳолиаш малакаи компютерӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.
Барои ин ташаббус БАТР ба дуввумин ташкилоти бузурги маблағгузории хурд дар Тоҷикистон- Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚХ/ «Ҳумо» маблағҳои нав пешниҳод кардааст. Қарз ба андозаи 2 миллион доллар устувории корхонаҳои хурди ватаниро тақвият бахшида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа «Ҳумо» бо як мактаби касбии маҳаллӣ муттаҳид хоҳад шуд, то нозукиҳои омӯзиши компютериро пешниҳод намояд.
Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» ширкати фаръии «Gojo & Company Inc.,» ширкати сармоягузории холдингии Токио мебошад, ки ба фарогирии молиявӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат мекунад. Ин ташкилоти маблағгузории хурд дар Тоҷикистон асосан ба тиҷорати хурд дар бахшҳои чакана ва кишоварзӣ хизмат мерасонад. То имрӯз БАТР тавассути 155 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 958 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.
АКС: БАТР








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






