Дар Бадахшон барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуд

Октябрь 3, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бадахшон таҳти  раёсати Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он  «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025» ва «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Доир ба баррасии Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилоят муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаева зикр кард, ки барнома тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ дар бар мегирад.

«Ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд»,-гуфт Марзия Некпаева.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, таъмини ҷойҳои корӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз шахсони мутасаддӣ ҷиҳати иҷрои сифатноки бандҳои барномаи мазкур масъулияти баланд талаб кард.

Сипас Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ворид намудани сохтмони корхонаҳои саноатӣ супориши иловагӣ дод.

Акс: МИҲД ВМКБ

Октябрь 3, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад