Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5-6 октябр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 20-солагии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор шуд.
Дар кори конференсия олимону пажӯҳишгарон аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ, аграрӣ, Институти географияи Академияи илмҳои Россия, Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон, Институти байналмилалии менеҷменти об (IWMI), Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Қирғизистон ва дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа пажӯҳишгарон дар мавзӯъҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим; муносибатҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ ва технологияҳои тозакунии оби нӯшокӣ; ҳамкорӣ дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор; рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия; иншооти гидротехникӣ ва бехатарии онҳо маърӯза намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия- ин мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология ба миён омадааст.
Муовини Директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Номвар ҚУРБОН вобаста ба таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология чунин ибрози назар намуд.
— Заминаҳои таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ 1 октябри соли 1999 бо пешниҳоди соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза ба миён омада, 20 марти соли 2001 зимни мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ, ки ба 50-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меомад, комилан равшан гардиданд. Дар ин вохӯрӣ Пешвои миллат дар хусуси фаро расидани зарурати ғанигардонии иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва таъсиси муассисаи нави илмӣ дар самти омӯзишу пажӯҳиши масоили об, иқлим, энергетика ва экология ибрози андеша намуданд. Аз ин рӯ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаааст. Дар робита ба он 3 июли соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул гардид.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият кормандони институт пайи пажӯҳиш ва ҳалли масъалаҳои обӣ, энергетикӣ, экологӣ ва иқлимшиносӣ фаъолона ширкат меварзанд. Бинобар ин, аввалин мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотие, ки давоми солҳои 2002-2006 мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд, коркарди технологияи истеҳсоли коагулянтҳо ва флокулянтҳо аз масолеҳи ашёи хоми маҳаллӣ барои тоза намудани об ва омӯзиши мушкилоти экологии коркарди партовҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон буданд. Бо назардошти хусусияти мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи бо як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла Ширкати алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ҳамкорӣ оғоз намуда, баъдан пайи татбиқи натиҷаҳои бадастомада гардид. Ҳамчунин аз ҷониби олимони институт ба Шӯрои техникии Вазорати саноати (Вазорати саноат ва технологияҳои нав) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи технологияи коркардшудаи истеҳсоли пигментҳо бо мақсади истеҳсоли саноатии он дар Корхонаи нуриҳои азотии Вахш тавсияҳои илман асоснокшуда пешниҳод гардиданд. Зеро дар заминаи ин тадқиқот гурӯҳе аз ходимони илмии институт аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи патентии Авруосиё 2 патент (шаҳодатномаи ихтироъ) ба даст оварданд.
Дар институт то имрӯз тадқиқоти муҳиме, чун таҳлили муқоисавии самарабахшии энергетикии дарёҳои бузурги Тоҷикистон, тадқиқи таъсири иқлим ба захираҳои обию энергетикӣ, таҳияи усулҳои мутобиқнамоии гидроэнергетика ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим, таҳияи амсилаҳо ва усулҳои пешгӯии маҷрои об барои гидроэнергетика, таҳияи усулҳои оптимизатсияи кори неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо, таҳияи усулҳои танзими маҷрои об барои гидроэнергетика ва обёрӣ, таҳлили қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обию энергетикии дарёҳои фаромарзӣ, тадқиқи моҳият, сабаб ва рушди муноқишаҳои гидроэнергетикӣ-ирригатсионӣ дар байни мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал ва таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли онҳо, тадқиқот оид ба муносибгардонии тарҳбандии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои бузурги Тоҷикистон, таҳияи меъёри ягонаи иқтисодии рушди гидроэнергетика, таҳлили иқтисодии рушди гидроэнергетика ва таҳияи амсилаҳои математикӣ, таҳияи усулҳои баҳодиҳии арзиши иқтисодии об ҳангоми истифодаи муштарак бо мақсадҳои гидроэнергетикӣ ва обёрӣ гузаронида мешаванд.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология пас аз як соли фаъолият дар доираи тадбирҳо бахшида ба аввалин иқдоми ҷаҳонии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об – Соли байналмилалии оби тоза соли 2003 ду чорабинии муҳим: Машварати ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҳолати имрӯзаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои истифодаи оқилонаи онҳо» ва Коференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Об – асоси ҳаёт ва ҳастии инсоният» баргузор намуд. Дар маҷмӯъ, институт дар давраи фаъолият конференсияҳои зиёди сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ доир намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу экология, балки татбиқгари амалии пешниҳодҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Вобаста ба татбиқи амалӣ, натиҷагириҳо аз рафти иҷро ва хулосабарориҳои илмӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти он – Душанбешаҳр 10 ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид, ки ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ҳамчун намояндагони муассисаи илмӣ-тадқиқотии пешбари ин соҳа дар ҳамаи онҳо иштироки фаъол доштанд.
Масоили марбут ба тағйирёбии иқлим ва қонунияти тағйирёбии он, таъсироти манфии ин мушкилот ба соҳаҳои фаъолияти инсону захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, пажӯҳиши минтақаҳои яхбандии ноҳияҳои кӯҳӣ, омӯзиши захираҳои обу амсиласозии дурнамои онҳо дар манотиқи ташаккул ва истифодаи об низ аз муҳимтарин мавзӯоти пажӯҳишии институт маҳсуб мешаванд.
Дар ин замина корҳои тадқиқотии самти мазкур арзёбии тағйирёбии иқлим дар давраи мушоҳидаҳо тавассути асбобҳои метеорологӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд. Аз соли 1924 то соли 1990 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар водиҳои ҷануби Тоҷикистон 1,9°С ва дар баландкӯҳҳо 0,73°C афзудааст. Ба ҳисоби миёна ҳарорати ҳаво соле ба миқдори 0,039°C боло меравад. Миқдори бориши солона аз соли 1990 ин ҷониб ба ҳисоби миёна дар ҳамаи шабакаҳои обуҳавосанҷӣ аз меъёри иқлимӣ 18% зиёдтар аст. Ҳамчунин дарозии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аз 4,2% то 10,7% ва дар гиреҳҳои марказии пиряхҳо 0,9%-2,5% коҳиш ёфтааст. Зимни ин пажӯҳишот дар Помири Шарқӣ тағйирёбии назарраси пиряхҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ин натиҷаҳоро ҳангоми пешгӯии тағйирот дар захираҳои об ва арзёбии рушди иқтисодӣ истифода бурдан мумкин аст.
Дар самти дигари тадқиқотӣ, ки ба арзёбии ҳолат, таркиби физикию химиявӣ обҳои сатҳӣ ва зеризаминӣ бо истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ марбут аст, тавассути таҷҳизоти нодиру муосир – дастгоҳи таҳлилии лазерии изотопии «Picarro L2110-I», ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад, натиҷаҳои ҷадиду назарраси илмӣ ба даст мешаванд. Зеро гурӯҳе аз ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои марбута дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Словакия, Австрия, Британия таҷрибаомӯзиҳо гузашта, дониш ва маҳорати хешро дар ин самт хеле сайқал доданд. Дар ин самт корҳои тадиқотӣ оид ба арзёбии сифати пайдоиш, ташаккул, ҳаракат ва тақсимоти обҳои зеризаминӣ, вақти ба таъхир афтодани онҳо дар қабатҳои обӣ дар минтақаи омӯзишӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои изотопҳои устувор ва бузургиҳои физикию химиявӣ гузаронида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, натиҷаҳову комёбиҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология дар ҳама самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ назаррасанд. Айни замон ҳамчун самтҳои ояндадори он вусъат бахшидани корҳои тадқиқотӣ дар самтҳои таҳияи амсилаи консептуалии амнияти обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, омӯзиши таъсири гидроэнергетика ва рушди он ба муҳити зист, таҳлили мустаҳками масолеҳи призмаҳои сарбандҳои баланди заминӣ (барои НБО Роғун), таҳлили бехатарии иншооти гидротехникӣ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон, таҳияи назарияи фишурдани конвективӣ-диффузии обҳои зеризаминии шӯр дар заминаи сарбанд дар ҷинсҳои ба осонӣ ҳалшаванда (дар мисоли сарбанди баландшиддати НБО Роғун), арзёбии тағйирёбии иқлим дар ташаккули маҷрои дарёҳо дар Тоҷикистон бо истифода аз системаи иттилоотии географӣ ва усулҳои зондкунии фосилавии Замин, мониторинги экологии экосистемаҳои обии Осиёи Марказӣ, омӯзиши ҳолати обанборҳо бо истифодаи усулҳои гидрохимиявӣ ва изотопҳо, омӯзиши гидроэкологияи дарёҳои Тоҷикистон, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энерия ҳамчун омили коҳиш додани таъсироти иқлим ва рушди устувори экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим муайян карда шудаанд.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология