Дар Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аз 17 то 23 октябр бо иштироки довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва Роғун аз рӯи панҷ номина баргузор шуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳар номинаи озмун шаффофу одилона баргузор гардида, ҳакамон малакаву дониши иштирокчиёнро санҷида, аз миёни онҳо, ки беш аз 300 нафарро ташкил медоданд, беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.
Зимни озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳакамону иштирокчиёни он аз наздик дидору мулоқот карда, вобаста ба шароиту имконияти фароҳамгардида ва мушкилоташон суҳбат намуданд.
Зикр шуд, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос намудани наврасону ҷавонон ба мероси бою ғанӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба роҳ монда шуда, ҳамчун роҳкушои дари ошёни ақлу хирад ба баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстӣ ва дар умум маърифати фарҳангии миллат мусоидат менамояд.
Сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аскар Ҳаким зикр намуд, ки бо хондани китобу аз бар кардани шеъру достонҳо маънавиёти шахс баланд гардида, китобхонию сухандонӣ дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, пайдо намудани мавқею мартаба дар ҷомеа аҳамияти хосса дорад.
Тибқи иттилои раиси ҳакамон, аз шумораи умумии иштирокчиёни озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 79 нафар роҳхат гирифтаанд, ки 15 нафарашон аз шаҳри Ҳисор мебошанд. Дар ҷадвали ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ шаҳри Ваҳдат дар ҷойи аввал ва шаҳри Ҳисор дар ҷойи дуюм қарор дошта, шаҳру ноҳияҳои боқимонда аз рӯи холҳои гирифтаашон ҷойҳои боқимондаро соҳиб гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






