Дар Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе мутахассисони пазандаю хизматрасон омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе маркази омӯзишии таҷрибавии пазандагию хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Марказ аз синфхонаи дарсҳои амалӣ, синфхонаи дарсҳои назариявӣ ва утоқи нигоҳдории ашё иборат аст, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд. Дар баробари ин омӯзгорону касбомӯзон имкон доранд дар маркази мазкур дар шароити муосири таълимӣ аз рӯи ихтисоси пазандагӣ дарси маҳорат гузаранд.
Маркази омӯзишии таҷрибавии пазандагию хизматрасонӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ифтитоҳ гардид.
Тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе аз соли 2008 дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият дошта, имрӯзҳо аз рӯи ихтисосҳои «Туроператор», «Турагент», «Роҳбалад», «Ошпаз-қаннод», «Ошпази таомҳои хориҷӣ», «Системаи компютерӣ ва интернет технология», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Фурӯшанда-ташкилотчӣ» ва «Назоратчӣ-фурӯшанда» мутахассисонро омода месозад. Дар Литсей хонандагон дар заминаи синфи 11 як сол ва дар заминаи синфи 9 ду 2 сол таҳсил менамоянд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт






