ФУТБОЛ. Бозиҳои даври 18-уми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории бозиҳои даври 18-ум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври 18-ум аз 5 бозӣ 4 бозӣ мусовӣ шуд. Бозиҳо миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:0, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, КМВА –и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфтанд. Дар як бозӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Хотиррасон мешавем, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ имсол дар қолати нав баргузор мешавад. Дар ин марҳила дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаҳои якуму дуюм гирифта ҳифз карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ду марҳилаи гузашта панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе мебошанд.
Панҷ дастаи боқимонда – Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-умро ишғол намуда, барои нигоҳ доштани мавқеъ дар Лигаи олӣ талош мекунанд. Ду дастае, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ мегиранд, дар охири мавсим ба Лигаи якум мегузаранд.
Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, ( «Истиқлол»)- – 12 гол, Шервонӣ Мабатшоев «Истиқлол»)- Дилшод Бозоров («Эсхата») бо 10-голӣ, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 7 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кулоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафарабад), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Амирҷон Сафаров («Истаравшан») – 5- голӣ ба нишон расониданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






