ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ БА ХАЛҚИ ТОҶИК ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДОД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин бора

Октябрь 26, 2022 16:23

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин яке аз санаҳои бузургест, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷаста дорад. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби вилояти Хуҷанд моҳи октябри соли 1992 дар рӯзҳои вазнини парешониву парокандагӣ, шубҳаву ҳарос ва муборизаҳои дохилӣ баргузор гардид, ба мо ҳадяи бебаҳо- Пешвои миллатро дод!

Пешвои миллат, яъне наҷоти тоҷикон, яъне дар он рӯзгори номуайяниҳо интихоби ҷасурона, одилона, оқилона ва ватандӯстонаи бунёди давлати навини тоҷикон; Пешвои миллат, яъне шахсияте, ки тавонистанд пайваста аз сифр, аз хазинаҳои холӣ, аз идораҳои давлатии фалаҷгардида, аз хоҷагиҳои валангор … ва ғайраҳо бо такя ба иродаву матонату хиради халқашон дар муддати кӯтоҳи сипаришуда, яъне андаке беш аз сӣ сол кишвари ободу зебову шукуфону серу пур ва осоиштаро бунёд гузоранд. Бале ин аст ҳосили Иҷлосияи ХVI дар як посух, ки барои шарҳи он ҷилд-ҷилд китобҳо мебояд навишт.

Чунин изҳори андеша намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар робита ба ин иҷлосияи тақдирсоз.

— Санаи тақдирсозтарин дар таърихи навини мо Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст ва бидуни шубҳа, он чунин аст. Ҳатто бештар аз он метавон гуфт, ки нақши Иҷлосияи ХVI шояд аз тамоми санаҳои барои миллати мо муқаддас қадру қимати бештар дорад, ба хотири он ки агар он намешуд, миллату давлатдории миллии мо шояд аз байн мерафт. Чаро ки неруҳои амалкунандаи муқобил ва вазъи ба амаломада, муборизаи гурӯҳу мазҳабҳои бо ҳадафҳои ғаразноки худ амалкунанда бар зидди ҳамдигар- ҳама далолат ба он мекарданд.

Маҳз ин иҷлосияи тақдирсоз ва хиради зотии халқи некманишу ватанпарвар буд, ки миллату давлати мо аз нестшавӣ наҷот ёфт.

Имрӯз ҳар хотира, ҳар амалу рафтор ва гуфтору кирдоре, ки дар он рӯзҳои таърихӣ, дар он Иҷлосияи тақдирсоз ба амал омада буданд, ҳар яке маънои бештар, рамзи бештар, шукӯҳи бештаре пайдо кардаанд. Ҳар қадаре мо аз он рӯзгор дуртар шавем, азамату шукӯҳи он мисли кӯҳи бузурге, ки танҳо дар дурӣ бузургияш намоён мешавад, барҷастатар ба чашми мо хоҳад тофт. Дар он парешонӣ, дар он номуайянӣ, дар он муҳити тарсбору ҳаяҷонангез, хатарноку шигифтовар, ки тақдири як халқ, пешомади як кишвар, як миллати соҳибтамаддун ҳал мешуд, на ҳама ба моҳияти он замон, қимат ва арзиши ҳар дақиқа, ҳар амалу рафтору гуфтор мерасиданд. Имрӯз мо аз канор истода, он манзараҳоро барҷаставу хуҷаста мебинему дар мизони андешаҳоямон бар мекашем ва ба онҳо баҳо мегузорем.

Як ҷавонмарде хушсимо бо либоси рӯшан, бо чеҳраи рӯшан, бо андешаҳои рӯшан ва ҳадафи рӯшан аз ҷо боло шуду бо ҳаяҷон ва изтироб, бо эътимоду бовар сухан ронд ва арзи дилу армон намуд. Акнун, имрӯз ҳар нигоҳ, ҳар ҳаракат, ҳар суханашон рамзу маънову тобишҳои муҷалло пайдо кардаанд. Воқеан, ба гумони банда, ин коре буд, ки бо дасти тақдир, бо дасти Худованд ба амал бароварда шуд. Дасти нонамое, ки аз он боло ба сӯи миллати мо дароз шуду ин амалро ба ҷо овард, гумон мекунам, дасти наҷоти миллати мо, дасти Худои муттаол буд.

Саҳнаи Иҷлосия мисли майдоне буд, ки на ҳар кас ҷуръат дошт ба он ворид шаваду ҳама масъулиятҳои хатарнокро бар уҳда бигирад. Майдон ё балки корзоре буд, ки чашми дӯсту душман ба он нигарон буд. Майдоне, ки аз чор сӯ таҳдиди хавфу хатар дошт. Аммо ӯ дар партави масъулияти ватандорӣ ҷонро сипар намуда, бо ҳама ҷасорат боло шуд.

Он саҳнаҳоро ҳама борҳо дидаанду хуб медонанд, дақиқа ба дақиқа сабт шуда, навишта гардида, дар таърих мондаанд ва ҳозир ҳоҷат ба такрори онҳо нест, ҳарчанд онҳо бояд пайваста зикр шаванд, дар ёдҳо мунаввар гарданд, моро ибрат нишон бидиҳанд, зеро сабақҳои зиёде доранд- аз худшиносии миллӣ то садоқат ба ватан, дарки масъулияти баланди инсониву миллӣ, дарси далериву шуҷоат ва ҷоннисорӣ, гузаштан аз худ ба манфиати ҷомеа ва Ватан.

Дар он иҷлосия қомати Эмомалӣ Раҳмон қомате буд муҷалло, бархоста аз амвоҷи қурун, аз оғӯши таърихи мубҳаму торик, ки аз он зулматсаро дурахшон бурун омад, то ба мо рӯшноӣ орад. Мисли ин ки ҳама равшаниҳои дилҳо, ҳама равшаниҳои чашмони мардуми умедвори мо аз тӯли таърих ба ҳам омадаву дар ӯ ҷилвагар шуданд. Мисли ин ки бо ӯ ҳама қаҳрамонони гузаштаи миллати мо бархостанд: Испитамони ватанхоҳ, Шераки далер, Деваштичи шуҷоъ, Сарбадорони ҷоннисор, Абӯмуслиму Муқаннаъу Темурмалик ва Восеъи диловар- ҳама бо ӯ бархостанд, яъне рӯҳашон бо ӯ буд, то дар ин лаҳзаи тақдирсоз миллати ҷабрдидаи худро аз коми нестӣ, аз хатари маҳв шудан раҳоӣ бахшанд.

Бархостани Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи Иҷлосия бархостан аз сиришти халқи соҳибхирад, аммо ҷабрдидаи тоҷик, бархостан аз сари нангу имон, бархестан аз ҷабр, аз асорат, аз зулму зиллат, аз таассуб, аз ғафлат… буд. Зеро бо қади болои ӯ армони ҳазоронсолаи миллату меҳани мо бархоста буд.

Вақте ки ӯ савганд ба забон меовард, дар садои ироаи ин савганд изтиробу ҳаяҷону эҳсоси баланди ватандӯстонаи мардуми мо шунида мешуд. Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф хуни гарми миллати мо набз дошт, вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд.

Вақте ки ӯ савганд ба забон меовард, суханҳои ироашуда тамоми бори гарони дирӯзу имрӯзу фардои кишварро ба дӯши ӯ мегузоштанд. Бори тақдири як миллати куҳанбунёд, бори қисмати як халқи хирадпешаву соҳибтамаддун ва ҷабрдидаи таърихро.

Савганде, ки дар радифи дуои неки пирон аст. Савганде, ки бо дарки масъулият дар назди нону намаки халқ аст. Савганди рӯида аз файзи обу хоки муқаддаси Ватан.

Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ дод. Шири модар ба ин савганд сафедӣ бахшид. Дуои пирон болу пари ин савганд гардид. Нону намаки халқ неруи бегазанди он шуд. Обу хоки Ватан ин савгандро муқаддас гардонид.

Ин савганди ҷасорати по ниҳодан ба майдони ҷоннисориҳо буд. Ин савганди бо шуҷоат ва бо бовар ба худ ва ба дигарон бар дӯш бардоштани гаронтарин бор, бори тақдири миллату меҳан буд. Ин савганди тақозои гузаштан аз худ, аз ҷони худ, фидо кардани ҳастии худ барои Тоҷикистон буд.Ҳама ҳаракат ва рафтор ва гуфтори ӯ ба маврид ва дар ҷои худ буд. Аввалин гомҳои худро Сарвари наву ҷавон ба сӯи Парчами миллӣ гузошт. Аввал аз домани Парчам, яъне нангу номуси ватандорӣ гирифт. Парчаме, ки он рӯз бо ҷилои дигар, бо шаҳомати дигар, бо рисолати дигар парафшон шуд. Аввалин ҳаракат ва амали Сарвари ҷавон бӯсидани ин Парчами муқаддас ва ба чашм молидани он буд, яъне гузоштани арҷи баланд ба муқаддастарин муқаддасоти аввалини миллӣ, бӯсидан ва ба чашм молидани Парчаме, ки дар таърихи миллати наҷиби мо чун Дирафши ковиёнӣ шӯҳрату эътибори оламгир пайдо кардааст. Дирафше, ки Ҳаким Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволаш чун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, рамзи садоқат ба Ватан ва чун рамзи ҷоннисориҳо бо сад тобиши шоирона тасвири мондагор намудааст.

Сипас, вожаҳое, ки чун озарахши тобон дар самои толори Қасри Арбоб, балки дар самои кишвар, дар самои ҷаҳон нурафшон шуданду ҳама дилҳо, ҳама ҷонҳо, ҳама гӯшаҳои торики вуҷуд ва зиндагии моро равшан сохтанд:

— Ман ба шумо сулҳ меорам!

Равшании ин садо гувоҳ буд, ки он аз сириште офтобӣ, аз диле лабрези ишқи Ватан, аз ҷисме бархоста аз сари нангу номус бурун омадааст.

Мисли ин ки ин садо аз тани захмини мардум, аз сари сангини онҳо, аз дарду армонҳои ҳазорсолаи як миллат баромада бошад.

Мисли ин ки садо бар алайҳи ҷабру зулму ноадолатиҳои тақдир, бар муқобили кинаву найрангу фиребу хусуматҳо баланд гардид.

Вақте ки бо ин суханҳо ӯ аз ҷо бархост, аз паси ӯ, ҳамроҳу ҳампои ӯ Суғду Хатлон, Зарафшону Бадахшон, Ҳисору Раштон.., яъне тамоми Тоҷикистон бархоста буд.

Озарахши ин нидо, ки озарахши умеду бовар буд, чароғи фурӯзони дилҳои мардум дар раҳи эҳёи тозаи кишвар, дар раҳи сулҳу осоиш, дар раҳи Ваҳдати миллӣ гардид.

Файзу рӯшноии ин нидо буд, ки ба мардуми мо бовар дод, неруи ватандӯстона дод, то тамоми муҳоҷирон бар Ватан бозгарданд, то гурӯҳҳои мухолифин ба рӯзи имзои Созишномаи сулҳ расанд, то вайронаҳо обод шаванд, хусуматҳо аз дил берун раванд ва миллати сарбаланди тоҷик ба роҳи асолати таърихии худ бозгардад ва таҳти сарварии Пешвои муаззами худ дар арсаҳои ҷаҳонӣ пирӯзу сарафроз, соҳиби номи неку нуфузу обрӯи оламшумул гардад.

— Ман ба шумо сулҳ меорам!

Худованди меҳрубон ин умеди некро, ки чун дуо, чун савганд, чун наҷибтарин умеду армони миллати некӯсиришти мо аз забони фарзанди наҷиби ӯ садо дод, қабул кард, фариштаҳои даргузар омин карданд ва ин нидо чун мурғи Ҳумо бар сари китфони Сарвари кишвари мо нишаст ва мисли мурғи Самандар дар торами Қасри миллат ҳамешагӣ лона гузошт ва бо Парчами баланди миллии мо парафшон гардид.

Имрӯз ҳам Пешвои миллати мо аз сари қуллаҳои баланди Боми ҷаҳон, аз сари минбарҳои баланди сиёсии олам ҳамеша пайку паёми сулҳ меоранд ва нидои пур аз масъулият ва хайрхоҳонаашон ҳанӯз ҳам дар замину замон танинандоз аст:

— Ман ба шумо сулҳ меорам!

Ва мо мебинем, ки имрӯз ҳам паёми сулҳу дӯстии Пешвои миллати мо дар ҳолаи накҳати обҳои тозаи Тоҷикистон, бо ҳама шаффофии ташнагишикани обҳои зулол, рӯдҳову чашмасори шодоби кишварамон, бо лафзи биҳиштии тоҷикияшон, бо ниҳоди ҳамшабеҳи обшори поки кишвар ба дилҳо ва ҷонҳои ташнаи мардуми олам мерезад, сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ меорад.

САВГАНД

Нури Ҳақ дар дидаҳо буд,
Амри Эзад раҳнамо буд,
Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб

Бахти тоҷик рӯи дастони Худо буд.

Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб
Қомате мардона боло шуд,
Чун муҳаббат аз сиришти халқ эҳдо шуд!

Аз дилу аз ҷони мардум хест!
Покрӯву тоза аз виҷдони мардум хест!
Аз таассуб, аз фиреб, аз макр, аз ғафлат раҳо шуд.

Аз сиришти халқ, аз дарду алам бархост,
Дар лабаш пайки адолат бо қасам бархост.

Нурафшону дурахшон
Қоматаш омад бурун
аз зулмати сад асри зиллат,

Аз сари ҷабру ситамҳо,
Аз тани кину аламҳо,
Аз хусумат, аз ҷаҳолат,
Аз сари сад гуна иллат…

Ин ҳазоронсола армон буд,
Бонги нанг, овои имон буд!
Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф

Хуни гарми миллату меҳан намоён буд!
Вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд!..

Ҳарф-ҳарфи ин қасам он рӯз
Дар радифи партави номи Худованд,
Дар радифи покии шири сафеди модари ҷон,
Дар радифи хайрафшони дуои пирамардон,
Дар радифи ҳасрату уммеди ин халқи ба армон
Партавафшон буд!

Исми Ҳақ бар он ҷилои осмонӣ дод,
Шири модар бо сафедияш амонӣ дод,
Шуд муқаддас ин қасам аз файзи обу хоки меҳан,
Болу пар додаш дуои халқ дар афлоки меҳан!

Ин қасам чун сеҳр, чун дасти раҳо омад,
Бовари мо, ишқи мо, армони мо омад,
Ҷони мо бар ҷони мо омад,
З-осмонҳо ин нидо омад:
Пешво омад!

Ҳамчу Зардушти навин аз ҷой хест,
Офтобе дар ҷабин аз ҷой хест,
Покрӯву нозанин аз ҷой хест!

То ки моро бозгардонад ба асли хештан,
То ки баргардонад аз нав асли моро бар Ватан:
Рӯдакиро, Бӯалиро, Мавлавиро… боз орад,
Бар Ватан базми нишот, оҳанги чангу соз орад ,
То ки эҳёи навин бахшад ба Наврӯзи аҷам,
То дирафши ковиёниро баланд афрошта,
Боз биншонад ба тахти салтанат лафзи дариро,
Тоҷикистонро кунад боғи биҳишт,
То ки аз баъди ҳазору анд сол
Миллати моро бурун орад
зи ҳабси сарнавишт.

Боз гардонад ба тоҷик тоҷи шаъну шони ӯро,
Ҷони ӯ, имони ӯ, эҳсони ӯро!..

Дар лабаш савганди Меҳан хест!
Бар дифои меҳанаш фарзанди Меҳан хест!
Ҳамраҳи ӯ миллати тоҷик ҳама
якҷону яктан хест!

ДАР ФУРӮҒИ АМРИ ВИҶДОН

Дар канори хоки ҳикматхези аҷдодон,
Дар тулӯъи озарини субҳи неки Тоҷикистон,
Аз сиришти ҳиммату эҳсон,
Дар кафи нангу ҷасорат,
Дар фурӯғи амри виҷдон

Бо ҳазор эҳсоси ҷон бархост,
Офтобе дар ниҳон бархост,
Аз тани пурдарди ин миллат,
Аз сари нанги замон бархост,
Пайки нусрат дар забон бархост:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Аз тани захмини мардум хест!
Аз сари сангини мардум хест!
Наъраи тамкини мардум хест!
Аз сари вайронаҳои халқ,
Чун ғиреви хастагон бархост:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Аз канори нанг боло шуд,
Оҳи сад оҳанг боло шуд,
Бар алайҳи кинаву найранг боло шуд,
Бо фурӯғи ҳикмату фарҳанг боло шуд:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Хест аз умқи вуҷуд,
аз ғуссаву дарду ғами миллат,
Бӯса зад бар парчами миллат,
Бар ҷабину чашму рӯ молид онро,
Дар сари дасташ фурӯзон кард ҷонро,
То фурӯзон кард андар торами миллат
Ин умеди нурафшонро:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!
Ин садо аз умқи ҷон омад,
Чун паём аз осмон омад,
То зи ҳар кӯҳи Ватан мисли танин бархост,
Чун танин аз осмону аз замин бархост.
Чун наҷоти одамон омад:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Он даме, к-ӯ аз сари ҷон хест,
Ҳиммати миллат дурахшон хест.
Ҳамраҳи ӯ рӯҳи Шерак буд,
Рӯҳи Деваштич хандон хест!
Ҳамраҳаш рӯҳи Муқаннаъ буд,
Мисли шӯри Сарбадорон хест:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Мутаккоро аз ниҳоди халқ ёфт,
Сидқи худро аз садоди халқ ёфт,
Дошта аз домани имону фарҳанги Ватан
Гашт боло бо ҳама қад бар сари санги Ватан
Чеҳраашро арғувонӣ кард
Ин муҳаббат, ин садоқат, ин шараф, нанги Ватан!

Он даме, к-ӯ бо сад армон хест!
Аз паси ӯ Суғду Хатлон хест!
Ҳам Ҳисору Рашт боло шуд!
Ҳам Зарафшону Бадахшон хест!
Дар сари он вартаи марговари тақдир
Нангу имон хест!
Бо қади болои ӯ, ҳамҷони ӯ, ҳампои ӯ
Тоҷикистон хест!

—Бар шумо ман сулҳ меорам!
Дар самои поки кишвар
Барқҳо зад ин нидову шӯълаафшон шуд,
Неку бад дар партаваш бар мо намоён шуд,
Миллате аз як гиребон сар бурун овард,
Тоҷикистон тоҷи инсон шуд!
Тоҷикистон Тоҷикистон шуд!

Дар шуои ин нидо аз синаи сӯзон
Чеҳраи пирӯзии мардум ҳувайдо гашт,
Фазлу пайғоми хирад пайваста боло гашт,
Халқи бофарҳанги тоҷик бо ҳама аъмоли некаш
Аз тани захмин, сари сангин,
Аз замини сӯхта, аз охирин уммеди мардум
Боз эҳё, боз эҳё, боз эҳё гашт!

Сулҳ омад! Сулҳро овард ӯ!
Тоза карда синаҳоро аз ғубори дард ӯ,
Халқро берун кашид аз синаи пурдард ӯ!
Ҷони рафта аз тани меҳан ба тан баргашт,
Охирин навмеди Меҳан
Бар Ватан баргашт!
Шуд ҳама вайронаҳо обод,
Файзу пайғоми шукуфоӣ
бар чаман баргашт!

—Бар шумо ман сулҳ меорам!
Ин садо мурғи Самандар гашту аз оташ бурун омад,
Ин садо Симурғ шуд бар қуллаи Боми Ҷаҳон биншаст,
Ин садо мисли Ҳумо ҷавлон бизад дар торами миллат,
То ба дӯши Пешвои мо,
ба дӯши Қасри Миллат парфишон биншаст!
Ин садо акнун сафои тоза ёфт
Дар нигоҳи мардуми хушбахти тоҷик,
Дар фурӯғи пештоқи Қасри Миллат,
Парфишонӣ мекунад бо Парчами миллӣ
Дар равоқи Қасри Миллат!
Ин садо монанди ҷавшан, чун сипар дар ҷони мо шуд,
Бо Нишони далатӣ имрӯз то Хуршед боло шуд,
Халқи некӯсирати моро ба роҳи ростин
То ба д-он ҷовид Меҳан раҳнамо шуд,
раҳкушо шуд:

—Бар шумо ман сулҳ мехоҳам!
Инак, акнун пайки сулҳи анҷуманро,
Покии оби зулоли ин Ватанро,
Мебарад бо худ ба ҳар сӯи ҷаҳон
Парчами моро парафшон карда дар рӯи ҷаҳон!

Мерасад акнун нидояш аз канори қуллаҳои Меҳани мо,
Бар тамоми халқи дунё:
—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 26, 2022 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд