ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Беш аз 13 фоизи имтиёзҳои давлатӣ ба ин соҳа равона гардидаанд

Октябрь 15, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Зеро рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.  Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 қаблан дар   мамлакат  Рӯзи кишоварзон 8 октябр  таҷлил мегардид. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардиданд, Рӯзи кишоварзон ба 15 октябр гузаронида шуд. Хабарнигори АМИТ Фирӯза ДАВЛАТЗОДА  «Ховар» вобаста ба фаъолияти кишоварзон ва имтиёзҳое, ки ба ин соҳа равона гардидаанд, бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити имрӯза истифодаи самараноки қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар шароити камзаминии кишвар, талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷаҳон ба ғизо ва таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Вазорати кишварзӣ доир ба ин масъалаи муҳим кадом тадбирҳоро амалӣ менамояд?

Саъдӣ Каримзода: Дар айни замон аксари аҳолии мо дар деҳот ҳавлию замин ва қисме киштзори зиёди васеъ дар ихтиёр доранд. Агар ҳамаи мо заминҳои  соҳибикардаамонро оқилона истифода намоем, ҳам худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоем ва ҳам аз фурӯши он  даромади иқтисодӣ мегирем.

Бо дастуру тавсияҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан бобати истифодаи босамари заминҳои ҳавлӣ,  дар шароити камзаминии кишвар ва ҳам талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷаҳон ба ғизо имрӯз ин масъала аҳамияти бузурги иқтисодӣ пайдо намудааст. Дар ин ҳолат ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи сифатан баланд иҷро хоҳад шуд. Натиҷаи истифодаи босамари заминҳои назди ҳавлигист, ки ҳамаи он меваю сабзавот ва зироати дар кишвар парваришёбанда имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ фаровонанд. Дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ талабот ба зироати кишоварзӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.

Мо ҳоло таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дастҷамъона барои истеҳсоли барзиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хоми асосии озуқаворӣ камари ҳиммат бастаем. Мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дода, дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ оид ба омилҳои оқилонаю самаранок истифода бурдани замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, бо риояи агротехникаи дуруст ба роҳ мондани парвариши зироат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани кишти такрорӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосил ва захираи он тавассути баргузор намудани конференсия, суҳбат ва машваратҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар айни замон чанд имтиёзи фискалӣ пешниҳод шудаанд ва чӣ миқдори он имтиёзҳои давлатӣ мебошанд? Инчунин барои равнақи соҳаи кишоварзӣ кадом барномаҳо амалӣ мегарданд?

Саъдӣ Каримзода: Амнияти озуқаворӣ- ин ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми қишри ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад, дониста мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии мамлакат бо озуқа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир меандешад

Барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Президенти мамлакат  ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.

Дастгирии давлатӣ тавассути пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои тарифию андозӣ нисбат ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда барои ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина истеҳсолоти рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.

АМИТ «Ховар»: Ба тавсияи олимон, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар баробари нуриҳои минералӣ таъмин будан бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ низ нақши муҳим мебозад. Барои ворид намудани техникаи бештари замонавӣ ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст аз ҷониби вазорат кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Саъдӣ Каримзода: Механиконии соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 31 соли истиқлолияти давлатӣ барои харидорӣ намудани техника ва мошинолоти кишоварзии муосир ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонд «Дар бораи иҷораи молиявӣ» таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолот аз ҳисоби маблағҳои будети давлатӣ 197 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, аз ҷумла соли 2008 маблағи 8 миллион сомонӣ, соли 2009 маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, соли 2010- 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, соли 2011- 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, соли 2012-и 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, соли 2013- 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, соли 2016- 15 миллион сомонӣ, соли 2017- 50 миллион сомонӣ, соли 2018- 30 миллион сомонӣ, соли 2019- 15 миллион сомонӣ, соли 2020- 15 миллион сомонӣ, соли 2021- 25 миллион сомонӣ ва соли 2022- 19 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Бо истифода аз маблағҳои ҷудогардидаи буҷети давлатӣ Вазорати кишоварзӣ ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар ин давра 3069 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо 2548 адад техника ва 7322 адад мошинолоти кишоварзӣ дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) таъмин гардиданд.

Дар ин давра бо истифода аз маблағҳои сармояи хориҷӣ ба воситаи шарикони рушди Вазорати кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ба воситаи Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаҳои «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо I»,  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо II» ва дар доираи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» дар шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф тибқи имтиёзҳои пешбинигардидаи лоиҳаи мазкур мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар айни замон чӣ миқдор аҳолии мамлакат ба кишоварзӣ машғуланд?

Саъдӣ Каримзода: Кишоварзӣ аз соҳаҳои асосӣ ва ниҳоят муҳими фаъолияти аҳолӣ буда, дар мавҷудияти ҳар давлату ҷомеа мавқеи калидӣ касб кардааст. Он сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои муҳими саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ қариб 1,5 млн нафар аҳолии кишвар ба соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат ва худтаъминкунӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин таъмини бозори истеъмолӣ дар тамоми фасли сол бо маҳсулоти тару тоза чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

Саъдӣ Каримзода: Дар айни замон дар соҳаи кишоварзӣ Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2022, Барномаи маҷмўии рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025, Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилаии GIobai G.A.P.) ва Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2040 мавриди амал қарор доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини бозори истеъмолӣ дар тамоми фасли сол бо маҳсулоти тару тоза ба таври ҳамешагӣ таъкид менамоянд. Дар ин раванд кишоварзонро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, истифодаи самараноку оқилонаи он,  рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва бунёди гармхонаҳои доимӣ сармашқи фаъолияти худ созанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид