МАҶМААИ ХОҶА МУФАРРАҶ. Дар болооби дарёи Хонақоҳ ёдгории нодири бостонӣ кашф гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ, воқеъ дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор кашф гардида, ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин кашфиёти бостонӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастоварди нодири таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Дар кашфи ин ёдгории беназир сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, сармутахассиси шуъбаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев, мутахассиси пешбари шуъба Абдураҳмон Шарифзода, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобомулло Бобомуллоев, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Раҷабзода ва сокини деҳаи Шоли Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ Ҳайиталӣ Сангинов саҳм гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки кашфиёти маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ дастоварди нодир дар илми бостоншиносии миллӣ буда, тайи даҳсолаҳои охир чунин бозёфти дорои аҳамияти байналмилалӣ дар минтақа ба қайд гирифта нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостоншиносӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ мебошад. Таҳқиқҳои аввалиндараҷа бозгӯи онанд, ки маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ гуногунҷабҳа буда, аз ҷузъҳои бостонӣ-тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ -қалъа ва манора; эпиграфӣ-хатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ: ҳинду ориёӣ, юнонӣ ва арабӣ, инчунин мардумшиносӣ- қабрҳои давраи аввали исломӣ иборат мебошад.
Тибқи тафсири «Фарҳанги форсии Муин», «Фарҳанги форсии Амин» ва «Луғатномаи Деҳхудо», вожаи «муфарраҷ» (аз феъли «фараҷ»- фараҷа) — исми макон буда, ба маънои ҷой ва макони шодиву сурур мебошад. Ҳамчунин «Муфарраҷ- он ки андӯҳро аз дил дур кунад» ва «муфарраҷ-куштае, ки дар дашти дур аз деҳ ёфт шавад»-ро ифода мекунад. Бояд тазаккур дод, ки хусусияти мавқеъ ва мавзеи табиӣ-таърихии муфарраҷ комилан ба ташреҳи баёнгардида мутобиқ мебошад.
Тавре сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «ёдгории тозакашф аз рӯи таркиб, ҳаҷм, иқтидор, мавқеъ ва шукӯҳу шаҳомат яке аз истеҳкомҳои муқтадиртарин дар минтақа ба шумор рафта, амсоли он то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Маҷмааи мазкур дар пайвасти шабакаи гузаргоҳҳои шимолӣ ва ҷанубии Роҳи бузурги абрешим бевосита мавқеи хосса дорад».
Мавриди зикри хос аст, ки маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ то имрӯз дар илми бостоншиносии тоҷик таҳқиқ нашуда, ҳамчунин дар рӯйхати ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ ворид нагардидааст. Анҷом ёфтани пажуҳиш ва бақайдгирии ёдгории мазкур аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳми муносиби муассисаро дар омӯзиш, ҳифз ва таҳкими таъриху фарҳанги миллӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






