ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Октябрь 30, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 30.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11  дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимол борон борад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 30, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд