Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «ОБ нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем!»

Октябрь 26, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории кишварҳои мо, бешубҳа намунаи возеҳи он аст, ки чӣ тавр ОБ метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад. Дар воқеъ, ОБ нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем! Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 октябри соли равон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ иброз доштанд, ки «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълон шудааст, барои муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода заминаи хуберо фароҳам овардааст.Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи мазкурро арзёбӣ хоҳад кард, аз лиҳози замонӣ, аллакай, таърихӣ мебошад.Дар ин замина, ҳар яки мо масъулият дорем, ки онро аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва натиҷаҳо низ таърихӣ гардонида, ҳамаи имконот ва талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳоямон сафарбар намоем».

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс якҷо бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва механизми “Созмони Милали Муттаҳид-Об” пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳамоиш барои ҷаҳониён “лаҳзаи таҳаввулоти куллӣ дар соҳаи об” гардад»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи “Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”- ро қабул кард. Дар қатънома гуфта мешавад, ки Конфронс оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардида, раисии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бар уҳда хоҳанд дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид