Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки чӣ гуна террористон фаъолияти худро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки гурӯҳҳои террористӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд ва зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфияти технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд. Дар ин бора Пешвои миллат дирӯз, 18 октябр зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иброз намуданд. Конфронс дирӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон» дар Душанбе оғоз гардида, имрӯз низ идома меёбад.
«Гурӯҳҳои террористӣ бо суиистифода аз чунин вазъи баамаломада ба фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ҳавасмандкунӣ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд»,-зикр карданд Сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротгароӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои «нопоки худ» аз зарфияти технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, фаъолияти «Давлати исломӣ»* ва «Ал-Қоида»* густариш меёбад ва бинобар ин барои ҳалли ин мушкилӣ, ҳамчунин барои пешгирии ифротгароӣ ҳамаи кишварҳо бояд талошҳояшонро ҳамоҳанг созанд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати СММ оид ба мубориза бо терроризм, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ташкил шудааст.
Дар конфронс вазирон, намояндагони кишварҳои узви СММ, сохторҳои СММ, ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, институтҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, коршиносон оид ба амнияти сарҳадӣ иштирок доранд.
Аз рӯи натиҷаҳо Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо қабул карда мешавад.
________________________
*Ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошанд
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд






