Сафири Арабистони Саудӣ аз Ҷамъияти нобиноёни «Нури чашм»-и шаҳри Ваҳдат боздид намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии «Асои сафед», ки ҳамасола чун рӯзи нобиноён таҷлил мешавад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон аз Ҷамъияти нобиноёни «Нури чашм»-и шаҳри Ваҳдат дидан намуда, бо хонандагони мактаби махсуси нобиноён ва ҳайати омӯзгорони он мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.
Теъдоди муҳассилини ин муассисаи таълимии махсус 65 хонандаи нобиною сустбин ва 30 нафар омӯзгорро ташкил медиҳад.
Сафири Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо хонандагон таъкид кард, ки ин қишри ҷомеа гурӯҳи азизу гиромии ҳар яки мо ба шумор рафта, вазифаи ҷонии мо дастгирӣ ва ҳавасмандсозии онҳо мебошад, то дар ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши шоиста касб намоянд. Сафир ҷиҳати таваҷҷуҳи бузурги Ҳукумати Тоҷикистон зери сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ниёзманд арзи сипос намуд.
Ҳамзамон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон зимни боздид бо лоиҳаҳои рушде, ки Ҷамъияти нобиноён бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ кардан мехоҳад, шинос гардид. Ҷамъият тавассути амалисозии ин тарҳ талош дорад, ки сатҳи маишии нобиноёнро тавассути фарогирии онҳо бо ҳунарҳои мардумӣ беҳтар сохта, саҳми онҳоро дар рушди иқтисодии мамлакат баланд бардорад.
Ба аъзои Ҷамъияти нобиноёни «Нури чашм» аз ҷониби Сафорат маводи ғизоӣ тақдим гардид.
АКС: Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






