«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Ин намоишро беш аз 70 ҳазор нафар тамошо намудаанд

Октябрь 14, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Намоиши  «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 64 ҳазор нафар ва шакли сайёри онро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Панҷакент ва Хуҷанд 6 ҳазор нафар тамошо намудаанд. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши илмӣмаърифатӣ оид ба натиҷагирии намоиши«Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки 13 октябр дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фариун  Кенҷаев  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон чун нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо  марбут ба таърихи ташкили намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ», теъдоди тамошобинони намоиш ва инъикоси намоиши мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»

Октябрь 14, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид