Ҳунармандони тоҷик дар «Фестивали атлас» дар Марғелон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қариб бист нафар ҳунармандони соҳаи атласу адрас ва матоъи Тоҷикистон дар радифи намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар Фестивали панҷуми байналмилалии «Аtlas Bayrami» /«Фестивали атлас»/, ки дар шаҳри Марғелони Узбекистон доир гардид, иштирок намуданд.
Мудири корхонаи ҳунарҳои мардумӣ — «Деҳаи Гулзор» Нигина Икромӣ, ки дар ин фестивал иштирок дошт, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «Фестивали атлас» бо ташаббуси Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Узбекистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Хазинаи нуфуси СММ, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Ҳокимияти вилояти Фарғона ва шаҳри Марғелон гузаронида шуда, ҳадафаш ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соҳаи нассоҷии анъанавӣ ва рушди соҳаи ҳунарҳои дастӣ мебошад.
Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон доир гардид. Ҳунармандони тоҷик дар бахши адрасу атласбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, инчунин пиллапарварӣ ва тарроҳии либоси атласу адрас маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузошта, муаррифӣ намуданд.
Инчунин дар чаҳорчӯби фестивал дар шаҳри Марғелон Осорхонаи таърихӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он маҳсули дастии хунармандон аз тамоми ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд. Аз Тоҷикистон маҳсули ҳунари устои читгар Мирамин Саидов муаррифӣ гардида, бо Ҷоизаи «Фестивали атлас» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи «Фестивали атлас» вохӯрии B2B миёни ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи атласу адрас ва пилла баргузор гардид, ки ба рушди ҳамкории минбаъдаи ҳунармандони ду кишвари ҳамҷавор мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз












Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад






