Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон якчанд мулоқот анҷом дод

Октябрь 7, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Меҳдии Исмоилӣ мулоқот намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ин мулоқот дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз 3 то 9 октябр доир мегардад, сурат гирифт.

Ҳамкории фарҳангӣ миёни ду кишвар сол то сол густариш ёфта, адибон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ҷонибҳо дар чорабиниҳои ҳарду кишвар иштирок менамоянд.

Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои занон ва оила хонум, доктор Унсия Хазъалӣ доир гардид, ки ба мавзӯи занон ва оила, ҳамкорӣ дар ин самт бахшида шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунни аз Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Китобхонаи Фарҳангистони ҳунари ин кишвар боздид намуд.

Ёдовар мешавем, ки 3 октябр дар Муҷтамаи фарҳангии Аббосободи шаҳри Теҳрон маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шахсиятҳои намоёни сиёсӣ ва аҳли адабу фарҳанги шаҳри Теҳрон баргузор гардид.

Маросимро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас барномаи ҳунарии шеъру суруд доир шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазироӣ гардид.

Инчунин намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии Тоҷикистон доир шуд. Меҳмонони Рӯзҳои фарҳангиро бо меваю шириниҳои тоҷикӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома меёбад, дар назар аст намоиши театрии «Дирафши Ковиёнӣ», ки аз ҷониби Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омода шудааст, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи тоҷик, «Шаби назм» бо ширкати шоирони тоҷик ва ҳузури адибони эронӣ, намоиши филмҳои «Муаллим» ва «Роҳ»-и коргардони тоҷик Носир Саидов дар шаҳрҳои Шерозу Табрез пешниҳод гарданд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

 

Октябрь 7, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд