Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили амнияту суботи минтақа, муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.
АКС: ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд






