7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Бахшида ба ин сана дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳамоиши идона доир гардид

Ноябрь 7, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 07.11.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад, ки бахшида ба ин сана бо ташаббуси Вазорати фарҳанги мамлакат 5 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳамоиши идона бо иштироки ҳунармандон ва аҳли илму адаб баргузор гардид.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов иброз намуд, дар ҳамоиш порчаҳои намоишнома аз театрҳои кишвар пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни он аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба як қатор ҳунармандони театрҳо унвони аълочии фарҳанг ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардонида шуд.

Ба иттилои М. Саидов, дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ, аз ҷумла 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 театри касбӣ — Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар таъсис ёфтанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон мебошад.

«Театр дар тамоми давру замонҳо таҷассумгари ҳуввият ва ормонҳои миллӣ мебошад ва аз ин хотир‚ ҳар як ҳунарманд, ҳар як коргардону драматург бояд талош варзад‚ ки арзишҳои волои маънавии моро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳо барои наслҳои оянда ба мерос гузорад», — изҳор дошт ӯ.

Лозим ба зикр аст, ки расо 93 сол мешавад, ки театри тоҷик фаъолияти пурсамар дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, театри тоҷик бори аввал 7 ноябри соли 1929 ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Шурӯъ аз ҳамон сол 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.

Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковский ҷойгир буд. Аввалин  намоиши калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳунармандони театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Ефим Мителман қарор дошт, ки саҳмаш дар рушди театр ва ҷалби мутахассисони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд.

Имрӯзҳо аҳли театри кишварро зарур аст‚ ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта‚ интихобу муҳокимаҳои асарҳои драмавӣ вобаста ба равандҳои мубрами ҳаёт, воқеаву рӯйдодҳои даврони истиқлолият, масъалаҳои маънавию ахлоқиро ба миён гузоранд. Ҳамчунин роҳбарони театрҳо бояд барои вусъати ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ва адибон ҷиҳати эҷоди асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза тадбирҳо андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 7, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид