Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия давраи омӯзишии муштарак оғоз намуданд

Ноябрь 11, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия давраи омӯзишии такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи «Муқовимат ба экстремизм ва терроризм» ва барномаи бозомӯзӣ дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар асри ХХI» барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ  Абдухалил Ғафурзода, роҳбари ҳайати Россия, ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин ва доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Институти молия ва рушди устувори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия Игор Залисин иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш масъулин вобаста ба ҳамкории стратегии ду мамлакати бо ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Россия, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷрои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ вобаста ба тақвияти фаъолият дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳадафмандии ташкили курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ сухан гуфтанд.

Абдухалил Ғафурзода меҳмононро бо тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунию такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти Академия шинос кард. Мавсуф гуфт, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии Федератсияи Россия, аз ҷумла Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.

Ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин омодагии худро бо мақсади ҳамкории судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуда, таъкид дошт, ки бояд сатҳи идоракунӣ, пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоюлҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир буд.

 АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 11, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид