«АСОСҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА ДИПЛОМАТӢ». Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба такмили ихтисос оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии вазорат аз рӯи барномаи «Асосҳои хизмати давлатӣ ва дипломатӣ» давраи омӯзиши такмили ихтисос оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии вазорат давраи омӯзишӣ баргузор намояд.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи давраи омӯзишӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, муовини Директори Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ва Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода иштирок намуданд.
Ба шунавандагони курси такмили ихтисос тибқи барномаи таълимӣ мавзӯъҳои мубрам вобаста ба «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик», «Таърихи ташаккул ва дипломатияи тоҷик», «Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ»», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи хизмати дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дипломатияи мардумӣ ва нақши он дар рушди муносибатҳои байни кишварҳо», «Ҳамкории иқтисодиву хориҷии Тоҷикистон», «Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: кафолат ва имтиёзҳо» малакаи касбиву ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таълим дода мешаванд.
Зикр шуд, ки хизмати давлатии муосири Тоҷикистон ҳамчун институти иҷтимоӣ-сиёсӣ баробар бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон асос ёфта, ташаккул ва рушди он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии идоракунии давлатӣ аз Конститутсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи баробарро барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба соли 1998 ва дар таҳрири нав соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар назди институти хизмати давлатии мавҷуда равандҳои асосии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия ва самтҳои афзалиятноки низоми таҳсил, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муайян гардиданд, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии муосири технологияҳои кадрӣ мувофиқат мекунанд.
Ҳамзамон тайёр кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар хориҷи мамлакат ба роҳ монда шудааст.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






