«ДАСТАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН? КОРИ ХУБЕ МЕШУД!». АМИТ «Ховар» бо се саволи оддӣ бо шахсони маъруф суҳбат карда, андешаҳои онҳоро дар бораи Ҷоми ҷаҳони соли 2022, футбол ва футболбозон маълум намуд

Ноябрь 26, 2022 12:36

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо шахсони маъруф суҳбат намуда, ба онҳо бо чунин се саволи оддӣ муроҷиат намуд ва нуқтаи назарашонро дар бораи Чемпионати ҷаҳон-2022, дар бораи футбол ва футболбозон маълум кард:

1. «Шумо бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро, ки дар Қатар мегузаранд, тамошо мекунед?».

2. «Шумо ба кадом даста ё бозигар таваҷҷуҳ доред?»

3. «Ба фикри шумо, тими миллии Тоҷикистон ягон вақт метавонад дар чунин мусобиқа ширкат намуда, бо дастаҳои пурқуввати ҷаҳон рақобат кунад?».

Ва инҳоянд посухҳое, ки мо гирифтем.

Алишер ЁРБОБОЕВ, иқтисодшинос, коршинос, собиқ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мудири шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:


1. Ман аз ҷавонӣ мухлиси футбол ҳастам ва фарзанду набераҳои ман ҳам. Ва албатта имрӯзҳо бозиҳои чемпионати ҷаҳонро дида истодаам.

2. Аслан ман мухлиси «Барселона» ва аз бозингарон Лионел Мессиро меписандам. Аз тимҳои яккачин ба ман Бразилия ва Аргентина писанд мебошанд.

3. Умед дорам, тими миллии Тоҷикистон низ оянда дар чунин мусобиқаҳо ширкат меварзад. Футболи тоҷик таърихи хуб дорад ва дар давони шурави «Помир» бо тимҳои беҳтарини СССР рақобат мекард. Ҳоло ҳам тимҳои ҷавонони мо дар арсаи байналмилалӣ хуб баромад мекунанд.

Маликшо НЕЪМАТЗОДА, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:


1. Футбол бозии миллионҳост ва аз наврасӣ ба ин намуди зебои варзиш мухлисӣ мекунам. Чемпионати имсола, ки бори нахуст дар ин фасли сол ва дар ин қисмати олам мегузарад, ҷаззобияти хосеро дорост. Ман асосан мухлиси бозии зебои футболам, кӯшиш дорам ҳамаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро тамошо кунам.

2. Дар ин чемпионати ҷаҳон аз дастаи Бразилия бозии олӣ ва натиҷаҳои баланд интизорам. Бовар дорам, бозингарони шинохтаи бразилӣ Неймар, Тиаго Силва, Винисиюс, Казимиро, Алиссон ва ҳамдастаҳояшон бо ҳунари волои варзишиашон чемпионатро зеби дигар мебахшанд.

3. Тӯли 7 сол роҳбарии мақомоти варзишии кишварро бар дӯш доштам ва барои рушди футболи кишвар талошҳое намудаем. Албатта, мисли ҳар як фарзанди ватандӯсти кишвар зиёд мехоҳам, ки рӯзе расад, дастаи миллии Тоҷикистони азиз ба сабқатҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбад, вале айни замон дар сатҳи осиёӣ аз наврасону ҷавонон ва дастаи миллии кишвар натиҷаҳои баландро интизор мешавем.

Карими АЗИЗ, муовини якуми Директори МД «Телевизиони Сафина»:


1. Албатта ман ҳам ба мисли дигар ҷавонмардони мамлакат мухлиси бозии футбол ҳастам ва аз рӯзи саршавии Чемпионати ҷаҳон дар Қатар онро мухлисона дида истодаам.

2. Аслан мухлиси дастаҳои Португалия, Испания ва Бразилия мебошам. Ҳамчунин мухлиси Карим Бензема ва Криштиану Роналду.

3. Тими Тоҷикистон дар оянда агар саъю талоши ҷиддӣ кунад, метавонад дар чунин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзад ва мо ҳам орзу дорем қувваозмоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ бинему бо ифтихор ба он мухлисӣ намоем.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот


1. Футбол кайҳо рӯйдоди сиёсӣ шудааст. Албатта тамошо мекунам бозиҳои футболро, ман ин бозиро аз даврони наврасӣ дӯст медорам ва ҳоло ҳам вақт ёфта, ба футбол машғул мешавам.

2. Ба ман бештар дастаҳои мунтахаби Испания, Фаронса, Бразилия ва аз бозингарон ҳунарнамоии Роналду ва Мбаппе писанд аст. Фикр мекунам, дар чемпионати имсола маҳз ҳаминҳо нақши ҳалкунанда хоҳанд бозид. Вале ман мухлиси дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳастам.

3. Ба фикри ман, ҳар як шахси ватандӯст бояд ба ояндаи кишвараш назари нек дошта бошад. Боварӣ дорам, ки тими футболи Тоҷикистон метавонад дар оянда бо тимҳои пешсафи дунё рақобат кунад.

Адибаи ХУҶАНДӢ, шоира:


1. Албатта тамошо мекунам. Ман ҳаводори футбол набудам. Футбол ба назарам кори беҳудае менамуд. Аммо писарам мухлиси футбол ва то нимашаб футбол медид. Аҷаб шӯру шавқе дошт, гоҳо асабӣ мешуд, гоҳо аз шодӣ дод мезад: «Гооол!..». Ман ҳам мухлиси футбол шуданамро нафаҳмида мондам. Албатта ҳамаи бозиҳои футболро чанд соли охир пайгирӣ мекунам.

2. Ман мухлиси Криштиану Роналду мебошам. Ва ҳамеша он дастаеро мухлисӣ мекунам, ки Роналду он ҷо бошад.

3. Ба футболбозони тоҷик давлати мо ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Онҳо имкон доранд, дар бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзанд ва шарафи миллатро ҳимоя кунанд. Аммо лозим меояд мутахассисони беҳтарини футбол чун Криштиану Роналду ё Месси харидорӣ шаванд, то онҳо тими моро ба бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ омода кунанд . Наполеон мегӯяд, ки гурӯҳе, ки ба он шер роҳбарӣ мекунад, ғолиб меояд. Ғолибияти аксарияти дастаҳои машҳури ҷаҳон дар як-ду бозингари беҳтарин доштани онҳост. Омӯхтани техникаи футбол, машқи пайдарпай ба ғолибият оварда мерасонад.

Ҷумъа ҶУМЪАЗОДА, Раиси ноҳияи Шуғнон:


1. Бале, Чемпионати ҷаҳонро оид ба футбол 2022 дар Қатар, ки аз 20 ноябр то 18 декабри соли ҷорӣ бо иштироки 32 даста баргузор мегардад, тамошо карда истодаам.

2. Мухлиси дастаи Аргентина ва бозингари ин даста Леонел Мессӣ мебошам.

3. Ман ба дастаи футболи Тоҷикистон боварӣ дорам, зеро дар вохӯрии дӯстонаи охирине, ки футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Россия анҷом доданд, шоҳиди бозии бисёр ҷолиб шудем. Новобаста аз он, ки бозӣ мусовӣ анҷом ёфт, мо, мухлисони тими Тоҷикистон ин бозиро ҳамчун ғалабаи худ меҳисобем.

Бахтиёр ШАМОЛИЁН, Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:


1. Бале, ман бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футболро тамошо мекунам.

2. Аслан мухлиси бозингари машҳури олами футбол Леонел Месси мебошам. Барои ҳамин бозиҳои дастаи Аргентинаро дар чемпионати имсола пайгирӣ дорам.

3. Барои ширкат дар чунин сатҳ, яъне Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол корҳои зиёде анҷом додан лозим, ҳамзамон ин кӯшишу заҳмати фаровонро талаб мекунад. Албатта, ман ҳамчун мухлиси футбол ҳамеша ин орзуро дар дил мепарварам, ки дар минбаъда тими миллии Тоҷикистон низ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намояд.

Соҳиба ДАВЛАТШОЕВА, роҳбари ансамбли «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:


1. Мутаассифона, барои тамошои футбол вақт надорам, ҳарчанд ин бозии ҷолиб аст ва ба ман маъқул мебошад. Футбол на танҳо 22 марди саршор аз арақи ҷабин аст, ки аз қафои як тӯб медаванд, балки мушоҳидаи тамошобоб аст. Ин ҳам як навъи санъат аст. Тавре Шекспир гуфтааст, «тамоми ҷаҳон як театр аст ва одамон дар он ҳунарпеша мебошанд». Аз ҷумла дар майдони футбол. Футболбозон дар майдон мисли ҳунарпешагони саҳна мебошанд: бисту ду нафар бозингарон кӯшиш мекунанд, ки нақшҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд, ҳар кадоме бо нақши худ, вазифа ва дастурҳои ба худ хос дорад.

2. Ман мухлиси онҳое ҳастам, ки футболи хуб, тамошобоб ва шавқовар нишон дода, тамошобинонро шод мегардонанд.

3. Боварӣ дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳатман ба Чемпионати ҷаҳон роҳ меёбад, агар имрӯз не, пас фардо. Зеро Тоҷикистон метавонад дар ҳар рақобат ва бар ҳар рақиб пирӯз шавад. Барои он ки мамлакати мо дар роҳи дуруст аст. Зинда бод, Тоҷикистони азиз!

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2022 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд
Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард
60 варзишгари беҳтарини вилояти Суғд барои дастовардҳо дар соли 2024 қадрдонӣ гардиданд
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Russian judo tour соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд