ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ЭҲЁИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ин мавзӯъ
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ мақолаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Низомиддин ЗОҲИДӢ пешниҳоди хонандагон мегардад.
Дар тӯли сӣ соли пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи басо душвору тақдирсоз ва аз лиҳози воқеоти сиёсӣ хеле пурборро паси cap гузошт. Оғози ин марҳала бо ҷанги шаҳрвандӣ, ки навъе аз худсӯзии миллист, мусодиф омад. Хушбахтона, ба шарофати гароиши азалии мардуми мо ба сулҳу салоҳ ва мусоламату мудоро, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари воломақоми кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон тавонист ба худсӯзии миллӣ хотима диҳад ва ба ҷодаи худсозии миллӣ ворид гардад. Ба туфайли сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат тоҷикон ба асри XXI ва ҳазораи нав бо табаҳҳур дар андӯхтаҳои милливу таърихӣ ворид шуданд ва дар заминаи эҳёи дастовардҳои маънавии ниёгони шарофатманди хеш пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва маънавиасоси худро истеҳком бахшиданд.
Дар марҳалаҳои сарнавиштсози таърихи худ қавмҳову миллатҳо ба гузаштаашон рӯй меоваранд, саҳифаҳои ифтихорангез ва ибратомӯзи таърихи худро варақгардон мекунанд, аз гузашта барои ҳалли масъалаҳои имрӯзу фардо посух меҷӯянд. Ба ин маънӣ худогоҳиву худшиносӣ бо иттисолу пайванди маънавиву рӯҳонӣ бо дастовардҳои ниёгон, бо густариши тафаккури навини миллӣ ва эҳёи дастовардҳои маънавии гузаштагон тавъам аст. Бесабаб нест, ки мо низ дар тӯли сӣ соли гузашта, беш аз ҳар вақти дигар, ба таърихамон рӯй овардем, анъана ва суннатҳои асили миллиамонро эҳё кардем ва, ба қавли маъруф, рӯзгори васли хешро ҷӯё шудем. Ба ибораи дигар, ҳадафамон аз муроҷиат ба гузашта гузаштаро ба хидмати имрӯзу фардоямон гузоштан буд.
Пешвои муаззами миллат вуқуфи комил аз сарнавишти миллат, таърихи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, маърифати мероси ғаноманди фарҳангӣ ва расму оинҳои гузашта, сабақандӯзӣ аз комёбиву нокомиҳои ниёгонро омилҳои муҳимму заминасози худшиносиву худогоҳии инсон ва ҷомеа ҳисобида, навиштаанд, ки «омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».
Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои бузургони илму адаб ва фарҳанги миллӣ, мисли 1150-солагии Абӯабдуллои Рӯдакӣ, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 1000-солагии Носири Хисрав, 950-солагии Умари Хайём, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, 675 ва 700-солагии ғазалсарои бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 680 ва 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, бузургдоштҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авесто, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори бостонӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, арҷгузорӣ ба кору пайкори фарзонагони миллат- устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва тақдири онҳо бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон», ки дар тӯли сӣ соли гузашта бо ибтикор ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ созмон ёфтанд ва боиси афзудани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон гардиданд, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили ҳар яке аз ин ҷашнҳо ва бузургдоштҳо ҳадафи маърифати беҳтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихиро дар пай дошт.
Яке аз зуҳуроти дигари эҳёи асолати миллии халқи тоҷик, ки аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ин дар паноҳи давлати миллӣ қарор гирифтан ва ба шоҳроҳи тараққии озодона ворид гардидани забони тоҷикӣ аст. Мусаллам аст, ки дар даврони Истиқлолият бо ибтикороти хушоянди Пешвои миллат марҳилаи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурӯъ гардид, доираи истифодаи ин забони гӯёву пӯё густариши тамом пайдо кард ва он дар маснади забони давлатӣ истиқрор ёфт. Пешвои миллат, дар баробари андешидани тадбирҳо ва роҳандозии барномаҳои мушаххас ҷиҳати ҳимоят аз забони тоҷикӣ ва тақвияти заминаҳои рушду такомули он, дар мулоқот ва суханрониҳои худ пайваста мардуми Тоҷикистон, хоссатан насли ҷавони онро ба шинохти қадру қимати забони модарӣ, ба посдорӣ ва ҳимояти ин мероси арзишманди ниёкон даъват ва раҳнамоӣ мекунанд. Муруре бар осори адабиву таърихӣ ва илмиву фарҳангии гузаштаи миллат, аз «Авасто»-ву Қуръон сар карда, то «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб», ки дар тӯли се даҳаи Истиқлолият ба забони тоҷикӣ ба нашр расиданд, далели қотеъ бар он аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ мазҳаре аз мазоҳири ҳастии миллати тамаддунофари тоҷик ва эҳёи асолати он дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.
Ҷои ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои миллат бо таълифи осори мондагоре, мисли «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (дар чаҳор ҷилд), «Забони миллат – ҳастии миллат» (дар ду ҷилд), «Чеҳраҳои мондагор» ва даҳҳо китобу мақола ва суханрониҳои худ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон ба унвони парчамбардори ростини ҳимоят аз забон, маънавият ва фарҳанги тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шинохта шудаанд.
Дар эҳёи асолати миллии халқи тоҷик ва пайванд кардани риштаи гусастаи таърихи кишвар бо ҳастии имрӯзи миллат хоссатан маърифату шинохти амиқи мақом ва манзалати давлати Сомониён дар масири таърихи тоҷикон хеле муассир ва корсоз омад. Аз ин лиҳоз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён дар таърихи навини тоҷикон рӯйдоди фавқулода муҳимми сиёсиву таърихие буд, ки аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ бо гузашти солҳову замонҳо торафт амиқтару дақиқтар дарк хоҳад шуд.
Пешвои хирадманди миллат ба дарки олии ин ҳақиқат расида буданд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон танҳо дар заминаи шинохти ҳувияти миллӣ, худогоҳии таърихӣ, гароиш ба арзишҳои асили миллат ва таъмини ваҳдати мардум муяссар хоҳад шуд. Дар таърихи халқи тоҷик даврони Сомониён, ба таъкиди Пешвои миллат, «марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯманд», «даврони ба авҷи аъло расидани нерӯи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкории тоҷикон» буд.
Ҳамчунон ки аз пажӯҳишҳои донишмандони ватаниву хориҷӣ доир ба таърих, давлатдорӣ ва тамаддуни даврони Сомониён бармеояд, ба қудрат расидани амир Исмоили Сомонӣ ва истеҳкоми давлати ӯву пасовандонаш ба пуштибонии мардум асос ёфта буд. Ин амири одил тавонист, ки ҳамзамон бо таҷдиди зербинои мафкуравии ҷомеа аркони суннатии рӯзгори мардум, арзишу хосторҳои милливу фарҳангӣ ва манфиатҳои иқтисодии қишрҳои мухталифи ҷомеаро ҳифз намояд, дар миёни мардуми кишвар новобаста ба мансубияти маҳаллию мазҳабӣ ҳусни ризоият, эҳсоси ваҳдат ва иттиҳоди миллиро истиқрор бубахшад. Амир Исмоили Сомонӣ ва авлоди ӯ ба ҳайси номбардорони мероси бузурги Аҷам дар сиёсати дохиливу хориҷии хеш ормонҳои миллии мардум ва манофеъи кишварро дар мадди аввал гузоштанд. Онҳо дар заминаи тамаддуни исломӣ андӯхтаҳои тоисломии ниёгони худро эҳё намуданд, забон, тафаккур, маънавият ва русуми аҷдодиро маҳфуз доштанд ва бад-ин васила пояҳои истиқлоли рӯҳонӣ ва ҳувияти миллии давлати хешро фароҳам оварданд.
Аз ин рӯ, вақте таърих дар охири ҳазораи дувум ва оғози ҳазораи сеюми мелодӣ ба халқи тоҷик фурсати дигари худафрӯзиву таҷаддуди маънавиро фароҳам овард, ҳофизаи таърихии тоҷикон бо ибтикор ва раҳнамоии Пешвои миллат ба даврони давлати Сомониён ва корномаи амир Исмоили Сомонӣ мутаваҷҷеҳ гардид, то миллат аз сууду пирӯзиҳои таърихии аҷдоди шарофатманди хеш илҳоми созандагиву бунёдкорӣ бигирад, ба нокомиву суқути онҳо бо дидаи ибрат бингарад ва азму талош ва ҳиммату қудрати худро дар поягузорӣ ва истеҳкоми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар қиёс бо корномаи ниёкони сомонии худ тақвият бахшад. Боиси шукргузорист, ки халқи тоҷик дар истифодаи ин фурсати таърихӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ ва эъмори бинои Истиқлолияти худ ба тавфиқ даст ёфт. Ин марҳиларо дар таърихи муосири тоҷикон метавон давраи қиёми сиёсиву маънавии миллати куҳанбунёд номид. Сарвари мусаллами ин қиёми сиёсиву маънавии халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба туфайли ҷасорати қавлу амал, истеъдоду нубуғи кишвардорӣ ва фидокориву ватанпарастии беназири хеш халқи саргумзадаи тоҷикро аз вартаи фано наҷот бахшиданд ва ба ҷодаи бақову таҷаддуд ҳидоят намуданд.
Дар давоми сӣ соли пас аз Иҷлосияи сарнавиштсоз дар Тоҷикистон фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромиш ва иттиҳоди сиёсиву мафкуравии мардум фароҳам омад, раванди созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш густариш пайдо кард, манофеъ ва арзишҳои миллӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтанд, аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлат дифоъ ба амал омад, бунёди сиёсат бар маънавият, арзишҳои башарпарварӣ ва орзуву омоли мардум гузошта шуд. Дар партави ҳамин сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат тоҷикон қудрати созандагӣ ва ягонагии сарнавишти таърихии худро амиқ эҳсос карданд ва дар ҳамовозӣ бо ин сиёсати ояндасоз ба ободониву офаринандагӣ ва эҳёи фикриву маънавӣ қиём намуданд.
Натиҷаи ҳамин сиёсат ва маҳсули раванди бозҷӯии асолати миллӣ буд, ки дар ҷомеаи кунунии тоҷикон бехабарӣ аз таърих ва фарҳанги гузашта, бегонапарастӣ ва бо назари истеҳқор нигаристан ба расму ойин ва арзишҳои маънавию ахлоқии худӣ тадриҷан ҷои хешро ба ғуруру ифтихори миллӣ, ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳову муқаддасоти миллат доданд.
Ба ин маънӣ, яке аз муҳимтарин натиҷаҳои раванди пурвусъати худшиносиву худогоҳии миллӣ, ки баъди Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва иқдомҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат дар кишвари мо роҳандозӣ гардид, ба нерӯву тавоноии маънавӣ ва моддии худ эътимод ҳосил кардани халқи тоҷик ва гузоштани қадамҳои устувор дар ҷодаи худафрӯзӣ ва эҳёи асолати миллӣ дар даврони Истиқлолият мебошад. Ҳамин равандҳо боис гардиданд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми шоистаи худро дар анҷумани давлатҳои мутамаддин пайдо карда ва парчами он дар пештоқи созмонҳои муътабари минтақавиву байналмилалӣ парафшонӣ мекунад, имрӯз овози тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбари ҷаҳони муосир – минбари Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳанд ва паёми сулҳу дӯстӣ ва ҳамкориву ҳамёрии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро дар ақсои ҷаҳон мунташир мекунанд, имрӯз ташаббусҳо ва ибтикороти ояндасози Пешвои миллат дар маҳфилҳои бонуфузи сиёсати ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ, ҳамовозӣ ва пайравӣ қарор гирифтаанд, имрӯз халқи тоҷик дар заминаи шинохти мақом ва рисолати хеш дар дунёи муосир оғӯши худро ба истиқболи дӯстони дерин ва шарикони навин боз карда ва ҳамқадаму ҳампо бо дунёи муосир гардидааст.
Ин дастовардҳои бузурги миллӣ, ки ба шарофати фидокориву пайкорҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар тӯли сӣ соли пас аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидаанд, кафолати эҳёи асолати миллии тоҷикон ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият аст.
Низомиддин ЗОҲИДӢ,
узви вобастаи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»